Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон истифодаи VPN дар идораҳои давлатиро манъ кард


Сар аз 20-уми май дар корхонаву ниҳодҳои давлатии Узбекистон истифодаи филтршикан ё VPN, ки тавассути онҳо мешавад, ба сомонаҳои баста ворид гашт, манъ карда шуд. Ин тасмимро 14-уми май гуруҳи корие гирифтааст, ки аз сӯи Шӯрои амнияти назди президенти Узбекистон ташкил шуда буд.

Як масъули Маркази технологияҳои иттилоотии Узбекистон, ки нахост номаш бурда шавад, хабари манъи истифодаи филтршикан ё VPN-ро дар идораҳои давлатии он кишвар тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ огоҳинома ирсол шудааст.

Рӯзноманигоре, ки дар хабаргузории давлатии УзА кор мекунад, рӯзи 24 май натавонист аз компютери кории худ тавассути VPN ба портали Ютуб ва сомонаҳои хориҷии басташуда ворид шавад.

Ба гуфтаи корманди Маркази технологияҳои иттилоотии Узбекистон, ҳадаф аз манъи истифодаи филтршикан маҳдуд кардани дастрасии мансабдорони давлатӣ ба сомонаҳои басташуда аст.

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба масоили озодии расонаҳо Арлем Дезир соли 2019 аз ҳукумати Узбекистон даъват карда буд, ки маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои баъзе аз расонаҳоро бекор кунад.

Оҷонси иттилоот ва иртиботи умуми назди маъмурияти президенти Узбекистон баъди таҳқиқи ин хабар гуфт, сомонаҳои "Voice of America", "Amerika ovozi", "BBC Uzbek", "Deutsche Welle", "Amnesty International", "Human Rights Watch", "Reporters sans frontieres", "Eurasianet.org", "AsiaTerra", "Fergana Agency", "Centre1", "Uzmetronom" ва расонаҳои дигари хориҷӣ дар он кишвар дубора дастрас шуданд.

Вале дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ дар Узбекистон ҳанӯз ҳам тавассути VPN имкон дорад.

XS
SM
MD
LG