Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори поинтарини ҳафтагӣ дар ИМА ва афзоиши COVID-19 дар Осиё


Шри-Ланка, Маркази Тиҷорат. Риояи фосилаи иҷтимоӣ дар як лифт
Шри-Ланка, Маркази Тиҷорат. Риояи фосилаи иҷтимоӣ дар як лифт

Дар ИМА, ки тахминан 60 дарсади калонсолон ҳадди аққал як воя ё дозаи воксинаи зидди COVID-19-ро дарёфт кардаанд, ҳафтаи гузашта поинтарин омори ҳафтагии олудашавиҳои нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Шумори сироятҳои якҳафтаина дар саросари ИМА дар ҳафтаи гузашта зери 180 ҳазор нафар буда, омори марг дар як ҳафта 3969 нафарро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, вазъи пандемия дар Осиё нигаронкунанда мебошад. Ҳинд ҳамоно дар ҳолати мушкил қарор дошта, дар Тайвану Вйетнам, ки чанде пеш тавонистанд ҷилави паҳншавии вирусро бикашанд, ҳоло бо афзоиши навбатии сироят рӯбарӯ шудаанд. Сингапур ва Малайзия дар пешорӯи афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус тадбирҳои беҳдоштиро тақвият доданд ва маҳдудияти бештар ҷорӣ намуданд. Департаменти давлатии ИМА ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки ба Ҷопон ва Шри-Ланка сафар накунанд, чун ин кишварҳо бо мавҷи нави COVID-19 дастбагиребонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҷопон тобистони имсол мизбони бозиҳои олимпӣ мебошад, ки қарор буд соли гузашта баргузор мегардид.

XS
SM
MD
LG