Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози мустақим аз Қазоқистон ба Белорус бекор шуд


Парвози мустақими ширкати ҳавопаймоии Air Astana аз шаҳри Алматои Қазоқистон ба шаҳри Мински Белорус бекор шуд. Ширкати Air Astana сабабҳои бекорсозии парвозҳоро шарҳ надод. Қарор буд, нахустин парвози Алмато-Минск рӯзи 31-уми май сурат гирад.

Баъди фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair дар шаҳри Минск ва боздошти рӯзноманигори мустақили белорус Роман Протасевич Иттиҳоди Аврупо нисбати Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ кунад.

Владимир Зеленский, президенти Украина ба ҳукуматаш дастур дод, ки парвозҳоро бо Белорус комилан қатъ кунад.

Рӯзи 23-юми май ҳавопаймои ширкати ирландӣ Ryanair, ки аз шаҳри Афина ба Вилнюс парвоз мекард, ки дар фазои Белорус иҷборан ба замин фуруд оварда шуд.

Мақомоти Белорус муассиси саҳифаи интернетии NEXTA Live Роман Протасевичро боздошт карданд. NEXTA Live эътирозҳои сокинони Белорусро, ки баъди интихоботи президентӣ дар моҳи августи соли 2020 сар заданд, инъикос мекард.

XS
SM
MD
LG