Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд нафар аз ҳисоби истеҳсоли ваксина миллиардер шудаанд


Ваксинаи зидди коронавирус
Ваксинаи зидди коронавирус

Раҳбарони ширкатҳои Moderna ва BioNTech ва ҳафт нафари дигар, ки ба истеҳсоли ваксинаҳои зидди коронавирус машғуланд, аз ҳисоби афзоиши фоида миллиардер (бо доллар) шудаанд.

Дар ин бора созмони байнулмилалии Oxfam бо такя ба маълумоти People Vaccineʼs Alliance хабар дод. Маълумот рӯзи 21-уми май нашр шуд.

Бино ба ҳисобҳои созмон, дороии мудири ширкати амрикоии Moderna Стефан Бансел то 4,3 миллиард доллар ва сарвати мудири кулли BioNTech-и Олмон Угур Шоҳин то 4 миллиард афзоиш ёфтааст.

Ба рӯйхати миллиардерҳои нав чаҳор нафари дигари марбут ба Moderna – иммунолог Тимоти Спрингер (2,2 миллиард доллар), раиси шӯрои мудирон Ноубар Афеян (1,9 миллиард доллар), роҳбари ширкате, ки ваксинаро бастабандӣ мекунад, Хуан Лопес-Белмонте (1,8 миллиард доллар) ва донишманд Роберт Лангер (1,6 миллиард) – шомил шудаанд.

Се миллиардери дигар ҳаммуассиси ширкати чинии CanSino Biologics мебошанд, ки ваксинаи Convidicea-ро месозад. Сарвати онҳо аз 1 то 1,3 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Созмони Oxfam мегӯяд, сарвати якҷояи ин нӯҳ миллиардер барои эмгузаронии 780 миллион нафар дар кишварҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид даромади аҳолиашро камтар арзёбӣ мекунад, кофӣ аст.

XS
SM
MD
LG