Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, ҷонибдори парвозҳои бештар ба Тоҷикистон аст. ВИДЕО


Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфт, ки тарафдори пурра барқарор шудани робитаҳои ҳавоӣ бо Тоҷикистон ҳастанд.

Бино бар пандемияи коронавирус парвози маъмулии ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар қатъ шуда, бисёре аз оилаҳоро аз назари моливу иқтисодӣ дар вазъи ногувор гузошт. Парвозҳо аз оғози моҳи апрели имсол бо шумори маҳдуд сурат мегиранд.

Изҳороти Лавров рӯзи 19-уми май ва пас аз мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, дар шаҳри Душанбе садо дод. Вай гуфт: "Мехоҳем, ки ҳарчи зудтар парвозҳои бештари маъмулӣ миёни ду кишвар барқарор шавад. Аз ҷумла, барои он ки донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, ба дарс раванд. Шумораи онҳо 20 ҳазор нафар аст."

Вазирони тоҷику рус дар бораи муҳоҷирон ва марз чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Баста будани марзҳо дар як соли охир боиси банд мондани он донишҷӯёни тоҷик шуд, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Дар ин муддат онҳо маҷбур буданд, ки онлайн ё фосилавӣ ба таҳсили худ идома диҳанд, вале баъзеашон ҳушдор гирифтаанд, ки агар дар дарсҳо ҳузурӣ иштирок накунанд, ронда мешаванд.

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия дар бораи муҳоҷирони тоҷик, таъмини амният дар марз бо Афғонистон ва низои ахир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон низ суҳбат кардаанд.

Сергей Лавров дар робита ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт, "ҳамкориамонро дар бахши муҳоҷират мусбат арзёбӣ мекунем. Дӯстони тоҷики мо ваъда доданд, ки барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирон дар бораи риояи қонунгузории Русия чораҳои иловагӣ меандешанд, то ҳолате пеш наояд, ки имрӯз мо дар борааш гуфта истодаем."

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим хонда мешавад.

Муҳоҷирон аксар вақт мақомотро барои бепарвоӣ нисбат ба сарнавишти "ноноварон" гунаҳкор мекунанд, вале мақомоти Тоҷикистону Русия бештар муҳоҷиронро муқассири вазъият медонанд.

XS
SM
MD
LG