Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони назди консулгарии Чинро дар Алмато ҷарима бастанд


Назди консулгарии Чин дар Алмато. 18 май, 2021.
Назди консулгарии Чин дар Алмато. 18 май, 2021.

Ширкатдорони тазоҳуроти бемуҳлати пушти дари консулгарии Чинро дар шаҳри Алматои Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Додгоҳе дар Алмато шаш тан аз онҳоро аз 41 ҳазор то 87 ҳазор танга ҷарима баст ва як тани дигарро огоҳӣ дод. Тазоҳургарон гуфтаанд, ки айби эъломнамудаи додгоҳро қабул надоранд ва ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Ин афродро мақомоти шаҳри Алмато рӯзи 18-уми май дар 100-умин рӯзи тазоҳурот бемуҳлат боздошт карданд. Тазоҳургарон аз мақомоти Чин талаб доштанд, ки наздиконашонро аз ҳабсу боздошт дар Шинҷони Чин раҳо кунанд ва ба онҳо иҷозаи хориҷ шудан аз он кишварро диҳанд.

Дар Шинҷони Чин наздики ду миллион қазоқтабор истиқомат мекунад. Дар солҳои охир қазоқтаборон ҳамроҳ бо дигар ақалиятҳои мусалмони Шинҷон зери таъқиб ва озор қарор доранд. Ақлиятҳои миллиро бо баҳонаҳои мухталиф, барои мисол, дар сурати пайдо шудани Қуръон дар манзилашон, боздошт ва ба урдугоҳҳои бозтарбия мебаранд.

Мақомоти Чин ин айбҳоро рад мекунанд ва урдугоҳҳоро марказҳои касбомӯзӣ ва бозтарбия унвон мекунанд, ки гӯиё барои пешгирӣ аз терроризму тундгароӣ таъсис шудаанд.

XS
SM
MD
LG