Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "шарт"-и Қирғизистонро барои "танбеҳ" додани шаҳрвандонаш пазируфтааст


Роҳи байни Воруху Оқсой, моҳи майи 2021
Роҳи байни Воруху Оқсой, моҳи майи 2021

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон натиҷаи музокиротро бо ҷониби Қирғизистон расман эълон накарданд, манобеъ баъзе аз ҷузъиёти онро фош карданд. Мулоқот шаби 17-уми май дар марзи Исфараву Бодканд гузашт.

Як намояндаи Тоҷикистон бе зикри номаш рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар музокирот асосан масъалаи таъмини амнияти сокинон дар роҳҳои минтақаҳои баҳснок баррасӣ карда шуд.

Ба иттилои ӯ, "танҳо баъд аз иҷрои шарти ҷониби Қирғизистон, яъне чораҷӯӣ нисбат ба раиси маҳаллаи Тоҷикони Исфара, Ғафур Ҷӯраев, убури амн аз деҳаҳои қирғизнишин таъмин карда шуд. Намояндагони Қирғизистон даъво карданд, ки ӯ дар латту куби сокинони боздоштшудаи қирғиз даст дорад."

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар музокироти шаби гузашта раҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд иштирок доштанд. Ба иттилои ин ниҳод, ду тараф ба хулоса расидаанд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар латукӯби сокинони боздоштшудаи Қирғизистон даст доранд, "ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд".

Аммо намояндаҳои мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара ба таври расмӣ ба ин тарз ҳал шудани масъалаи роҳбандиро тасдиқ накарданд.

Музокирот рӯзи 17-уми май ва баъд аз он баргузор шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон аз боздошти сокинони якдигар дар қаламравҳояшон хабар доданд. Ин боздошт аввал аз ҷониби қирғизҳо сар зада, дар посух тоҷикон низ шаҳрвандони Қирғизистонро дастгир кардаанд. Дертар ҳарду тараф боздоштшудаҳоро ба ҳамдигар супурданд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи вазъи шаҳрвандони боздоштшудаи кишвар чизе намегӯяд. Мақомоти Қирғизистон иддао доранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон се сокини боздоштшудаи Оқсойро латукӯб кардаанд ва онҳоро барои муолиҷа ба бемористон бурдаанд.

Як манбаи наздик ба ҳайати музокиракунандаи ҷониби Тоҷикистон низ бо шарти зикр накардани номаш рӯзи 18-уми май гуфт, ҷониби Қирғизистон исрор кардааст, ки аввал шаҳрвандони ин кишвар аз тарафи намояндаҳои мақомоти Тоҷикистон боздошт ва гуё латукӯб шудаанд.

Пас аз музокироти шаби гузашта дар марзи Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон аз ду тараф постҳои пулис гузошта шудааст.

Як рӯз пеш бошандагони деҳоти ҳарду кишвар, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон, аз мақомоти кишварҳои худ таъмини ҳаракат дар роҳҳои наздимарзӣ шудаанд. Онҳо махсусан аз эҳтимоли даргириҳо дар роҳҳое нигаронанд, ки аз қаламрави ду кишвар ва ҳамчунин минтақаҳои баҳснок мегузаранд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки аз соати 6:25 (ба вақти Тоҷикистон)-и рӯзи сешанбе мошинҳо дар масири Хоҷаи Аъло-Ворух ва Оқсой-Тамдиқ ҳаракат мекунанд. Чанде аз сокинони Ворух ва Чоркӯҳ низ рӯзи 18-уми май гуфтанд, ки вақте аз деҳаи Оқсой мегузаштанд, оромӣ буд ва вазъро аз ду ҷониб кормандони милиса назорат мекарданд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтанд.

Душанбеву Бишкек якдигарро барои оғози даргирии мусаллаҳона айбдор карда, барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона кушодаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.

XS
SM
MD
LG