Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дафтари РАО/РО дар Маскав судиҷрочиён омаданд


14-уми май, дафтари Радио Свобода дар Маскав
14-уми май, дафтари Радио Свобода дар Маскав

Намояндагони Сархадамоти судиҷрочиёни шаҳри Маскав рӯзи 14-уми май ба дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ омада қарореро супурданд, ки дар он дар бораи иҷрои қарорҳои судӣ дар нисбати ин муассиса навишта шудааст. Судиҷрочиён тахминан ду соат дар дафтари Радио Свобода – бахши русии Радиои Озодӣ буданд ва дар бораи феҳристи дастгоҳҳои ин идора суолҳо доданд. Ба кори журналистон халал нарасониданд, бахше аз вақташон эҳтимолан бо сӯҳбатҳои телефонӣ бо раҳбарияташон гузашт.

Моҳҳои январ то маи соли 2021 Роскомнадзор ба додгоҳ 520 протоколро дар бораи аз ҷониби тарҳҳои мухталифи РАО/РО нақз шудани қоидаҳо дар заминаи ба ҳайси “агенти хориҷӣ” сабт шудани маҳсулоти тавлидшудаи онҳоро ирсол кард. РАО/РО, ки то ҳол ҳама талаботи қонунгузории Русияро иҷро кардааст, аз иҷрои ин талабот худдорӣ кард ва гуфт, ки ин кори мақомот талоши мудохила ба сиёсати таҳририя мебошад. Ҳаҷми умумии ҷаримаҳои бар асоси қарорҳои додгоҳ содиршуда 70 миллион рублро ташкил медиҳад. РАО/РО бо ин қарорҳо розӣ нест ва аз болои онҳо ба додгоҳҳои зинаҳои болоӣ шикоят бурд, вале то ҳол ҳеҷ як аз 250 аризаи бозбинии ҳукми додгоҳ қонеъ нашудааст. РАО/РО ният дорад, ки ин ҳама қарорҳоро барои баррасӣ ва бозбинӣ дар ихтиёри Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар гузорад.

Санадҳои ба дасти РАО/РО овардашуда иҷрои 10 қарори судиро дар назар мегирад. Мӯҳлати думоҳаи пардохти ҷарима аз рӯи ин қарорҳо ба охир расидааст. Ҳамаи ин қарорҳо дар як парванда муттаҳид шуда, дар маҷмӯъ пардохти 5 миллион рублро пешбинӣ мекунанд.

Рӯзи 13-уми май ТАСС хабаре нашр кард, ки мегӯяд, додгоҳи Тверскои шаҳри Маскав 140 қарор дар бораи пардохти ҷаримаро дар нисбати ин расона бекор кардааст. РАО/РО тавзеҳ медиҳад, ки миёнаҳои моҳи апрели соли 2021 маълум шуд, ки Роскомнадзод ва додрас ба вайрон кардани ҷараёни просессуалии баррасии 158 парванда роҳ додаанд, ки ба кори худи ин расона ва ҳам раҳбари кулли он рабт мегирад. 147 парванда ба баррасии дубора ирсол шуданд, дар ҳоле, ки аз рӯи аксари онҳо пардохти ҷарима талаб шудааст. Бо сабаби анҷоми мӯҳлати ҷавобгарӣ бар асоси 10 протокол ҷаримаҳо бекор шудааст.

Президенти РАО/РО Ҷейми Флай ба изҳороти ахири сухангӯи ВКХ Русия Мария Захарова ишора кард, ки гуфтааст, талоши мақомот барои водор кардани ҷониби ҷавобгар ба иҷрои қонунҳо бар асоси иттиҳоми “агенти хориҷӣ” шаҳодати “гуногунандешӣ дар ҷомеаи воқеан озод” мебошад. Флай гуфт, “РАО/РО ба мухотабонаш хабарҳои воқеъбинона ва ботавозун пешкаш мекунад, то ки шаҳрвандони Русия, тавре як журналисти мо гуфтааст, “ба дурӯғ одат ва дар фазои дурӯғ зиндагӣ накунанд”. Флай гуфт, “муқовимати мо ба талошҳои Кремлин дар амри сензура кардани ҳақиқати барои мақомоти Русия нофорам идома хоҳад ёфт”.

XS
SM
MD
LG