Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон сабтиноми довталабони интихоботи президентӣ шурӯъ шуд


Саид Муҳаммад, собиқ мақомдори сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 11-уми май номзадии худро барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кард
Саид Муҳаммад, собиқ мақомдори сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 11-уми май номзадии худро барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

Дар Эрон сабтиноми номзадҳо ба интихоботи президентӣ шурӯъ шудааст. Омодагиҳо ба интихобот дар ҳолест, ки таниш дар равобит бо Ғарб дар ҳоли афзоиш аст ва ҳам сарнавишти созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ номаълум боқӣ мемонад. Сабтиноми номзадҳо 11-уми май шурӯъ шуд ва панҷ рӯз давом мекунад. Ҳар номзадро Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди иборат аз рӯҳониёни муҳофизакор аз санҷиш мегузаронанд. Дар гузашта ин ниҳод чандин довталаби мӯътадилро ба сабқат роҳ надода буд. 27-уми май исми ниҳодии довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ дар Эрон нашр мешавад ва баъди ин маъракаи 20-рӯзаи таблиғотӣ шурӯъ мешавад. Интихоботи президентӣ 18-уми июн барпо мешавад. Президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ ҳақи ширкат дар интихоботро надорад.

XS
SM
MD
LG