Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбекистонӣ баъди танқиди раиси вилоят 6,5 сол зиндонӣ шуд


Отабек Сатторӣ, блогери узбекистонӣ.
Отабек Сатторӣ, блогери узбекистонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Музрободи Узбекистон Отабек Сатторӣ, блогер аз вилояти Сурхондарёи ин кишварро, ки бо гумони тамаъҷӯӣ, таҳқир ва туҳмат дастгир шуда буд, 6,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба огаҳии Додгоҳи олии Узбекистон, Сатторӣ тибқи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста шудааст. Додситон қаблан барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд.

"Мо бо ин ҳукм комилан розӣ нестем. Инро ҳамаи мардум мебинад. Ҳукм комилан ноодилона аст. Баъди дарёфти нусхаи ҳалнома мо ҳатман ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят мебарем", - изҳор дошт вакили дифои айбдоршуда Умедбек Давлатов.

Сатторӣ 29-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд. Додгоҳи шаҳри Тирмиз 1-уми феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кард.

Отабек Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхондарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.

Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) аз мақомоти Узбекистон хоста буд, ки блогнавис Отабек Сатториро аз боздошт раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG