Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимол Прага аз Маскав 1 миллиард крон талаб кунад


20-уми октябри соли 2014, макони таркиш дар анбори силоҳи Врбетитсе
20-уми октябри соли 2014, макони таркиш дар анбори силоҳи Врбетитсе

Ҷумҳурии Чех мехоҳад, ҳамчун ҷуброн барои таркиши анбори силоҳи шаҳраки Врбетитсе дар соли 2014 аз Русия пардохти на камтар аз як миллиард крон (тахминан 48 миллион доллар)-ро талаб кунад.

Дар ин бора Алена Шиллерова, вазири молияи Чехия, рӯзи 10-уми май дар суҳбат бо телевизиони маҳаллӣ хабар дод.

Чанде пеш палатаи поёнии порлумони Чехия ҳам аз ҳукумат тақозо кард, ки аз Русия пардохти ҷуброни молиро талаб кунад. Матни ин талаб, қарор аст, дар ҳафтаҳои наздик таҳия шавад.

Мақомоти Чехия, инчунин, мехоҳанд, хароҷоти поккории маҳалли таркишро ба ин ҳисоб ворид кунанд, чун, ба гуфтаашон, ин кор аз ҳисоби буҷаи давлати Чехия анҷом шудааст.

Телевизиони Ҷумҳурии Чех мегӯяд, шояд талаби пардохти 1 миллион крон пул ниҳоӣ нахоҳад буд ва мақомоти минтақаи осебдида эҳтимол пардохти ҷуброни зарари равонӣ талаб кунанд.

Баъзе аз вакилон ва коршинсони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ шубҳа доранд, ки шонси аз Русия гирифтани ҷубронпулӣ вуҷуд дорад. Вале бархе дигар мегӯянд, Прага бояд талаби худро ба Маскав пеш гузорад ва аз ин роҳ нишон диҳад, ки таҳаммули чунин корҳоро надорад.

XS
SM
MD
LG