Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко фармони интиқоли изтирории қудрат ба Шӯрои амниятро имзо кард


Александр Лукашенко.
Александр Лукашенко.

Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Белорус фармонеро ба имзо мерасонд, ки тибқи он, дар сурате, ки вай кушта шавад ва ё натавонад ба фаъолияташ идома диҳад, ваколатҳо ба Шӯрои амнияти он кишвар интиқол меёбад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Белорус, Александр Лукашенко рӯзи 9-уми май ҳини боздид аз минтақаҳои осебдида аз фоҷеаи ҳастаии Чернобил ба хабарнигорон гуфт, "ба ман бигӯед, агар фардо раиси ҷумҳур набошад, оё замонате вуҷуд дорад, ки ҳама чиз хуб пеш хоҳад рафт? не!

Вай афзуд, "ман дар мавриди чигунагии интиқоли қудрат фармоне имзо мекунам, ки агар раиси ҷумҳур ҳадафи ҳамла қарор бигирад, рӯзи баъдаш Шӯрои амният қудратро ба даст хоҳад гирифт!"

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баъд аз интихоботи ҷанҷолбарангези моҳи августи соли 2020 ва саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон, Александр Лукашенкоро ҳамчун президенти Белорус ба расмият намешиносанд.

Тибқи қонунҳои феълии Белорус, агар ҷойи раиси ҷумҳур холӣ шавад ва ё ба ҳар сабабе шахси аввали кишвар натавонад ба вазифаи худ идома диҳад, қудрат то замони баргузории интихобот ва савганд ёд кардани президенти нав, ба нахуствазир интиқол меёбад.

Вале фармоне, ки рӯзи 9-уми май содир шуд, мегӯяд, ки қудрат ба Шурои амният, ки нахуствазир онро раҳбарӣ хоҳад кард, интиқол хоҳад ёфт. Шӯрои амният аз афроди мавриди таваҷҷуҳ ва тарафдори Лукашенко ташкил шудааст.

Лукашенко дар моҳи апрел гуфта буд, ки фармони фавқулодаеро дар бораи салоҳиятҳои президент имзо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG