Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустии Қазоқистон сокинонро ба гирифтани мояи дувуми ваксина даъват кард


Алексей Тсой
Алексей Тсой

Вазири тандурустии Қазоқистон, Алексей Тсой, рӯзи 5-уми май дар порлумон хабар дод, ки то ин дам ба 1,48 миллион шаҳрванди он кишвар як моя ва ба беш аз 400 ҳазор кас ду моя ваксинаи зидди коронавирус гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, фосила миёни гузаронидани ду мояи ваксина аз 45 шабонарӯз бештар нахоҳад шуд. Вазири қазоқ гуфт, агар ваксина думояӣ бошад, ба сокинон бояд ҳар ду мояи он гузаронида шавад.

Қазоқистон аз охирҳои моҳи апрел фосила миёни гузаронидани ду мояи ваксинаи русии "Спутник V"-ро бештар кард. Пештар сокинон баъд аз 21 рӯзи дарёфти мояи аввали ваксина бо мояи дувум эм мешуданд. Ҳоло ин муҳлат то ба 45 шабонарӯз боло бурда шудааст.

Баъзе аз корбарон ва маркази мустақили илмии тиббии Medsupportkz аз афзоиши муҳлати фосила миёни гузаронидани ду моя изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, эҳтимол дорад, сокинон то дарёфти мояи дувуми ваксина ба коронавирус мубтало шаванд.

XS
SM
MD
LG