Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт нафар дар натиҷаи фалокат дар Афғонистон кушта шуданд


Аввал як мошин оташ гирифтааст ва сипас ба мошинҳои дигар гузаштааст.
Аввал як мошин оташ гирифтааст ва сипас ба мошинҳои дигар гузаштааст.

Дар натиҷаи оташ гирифтану таркидани чанд мошини боркаши маводи сӯхт дар шаҳри Кобул камаш 7 нафар кушта шудаанд ва 14 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар натиҷаи фалокат қисми зиёде аз пойтахти Афғонистонро дуди сиёҳ фаро гирифт. Маълум нест, сабаби сӯхтани мошинҳо тасодуфӣ буд ва ё онҳоро тарконидаанд. Ҳодиса рӯзи 1-уми май иттифоқ афтод.

Ба гуфтаи шоҳидон мумкин аст, дар ин фалокат тақрибан 100 мошин осеб дида бошад. Рӯзи 2-уми май аз маҳалли ҳодиса дуд ба осмон мепечид. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон ба хабарнигорон гуфтааст, аввал як мошин оташ гирифтааст ва сипас оташ ба дигар мошинҳо гузаштааст.

Чандин хона вайрон шуда ва ё зарар дидаанд. Хатҳои барқ ҳам зарар дидаанд ва қисме аз Кобул бе неруи барқ мондааст. Фалокат дар замоне рух дод, ки неруҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон мераванд ва бояд то 11-уми сентябр ба тамом онро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG