Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба таҳқиқи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард


Садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳангоми муноқишаи марзӣ
Садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳангоми муноқишаи марзӣ

Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар ба таҳқиқи фаврии муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард.

Масъулони созмон рӯзи 1-уми май дар эъломияе гуфтанд, “нерӯҳои амниятии ду кишвар бояд аз содир кардани ҷиноят алайҳи шаҳрвандони мулкӣ ва амволи онҳо пешгирӣ кунанд”.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар хабарномаи худ навиштааст, дар наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ оташ задани хонаҳои сокинонро мушоҳида кардааст. HRW гуфтааст, ду кишвар бояд ин ҳодисаҳоро фавран таҳқиқ кунанд ва чора андешанд.

Ин созмон бо такя ба гузориши расонаҳо навиштааст, “17 хона дар деҳаи Кок-Терек дар ноҳияи Бодканди Қирғизистон сӯхта, манзилҳои дигар дар чанд деҳаи ноҳияи Лайлак оташ зада ва ё хароб карда шудаанд”.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, дар наворҳое оташ задани манзилҳои зист ва тахриби биноҳоро аз ҷониби тоҷикон дидаанд.

Як мансабдори ҳукумати шаҳри Исфара бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 1-уми май гуфт, "гузориши созмон яктарафа нашр шудааст".

Ба қавли ӯ, дар бораи даст доштани сокинони Тоҷикистон дар ин ҳодисаҳо феълан чизе гуфта наметавонанд, вале афзуд, "айни чунин бархурд аз ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя содир шуд ва созмон онҳоро зикр накардааст".

Маълумоти умумӣ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бо баҳсу сангандозӣ миёни сокинони минтақаи наздимарзӣ оғоз шуд ва сипас, ба муноқишаи мусаллаҳонаи ду ҷониб печид. Аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ номи 16 қурбонии муноқишаро маълум кард. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки дар муноқишаҳои марзӣ 178 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 1-уми май ҳайатҳои ду тараф ба созиш расиданд, ки оташбаси доимӣ ҷорӣ карда, нирӯҳоро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун мебаранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби ихтилофу муноқишаҳо мешаванд.

Матолиби бештарро дар ин ҷо хонед:

XS
SM
MD
LG