Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салом аз Трамп". Тоҷикистон дар моварои низои ИМА ва Эрон

Серҷио Гор, фиристодаи президент Доналд Трамп барои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дидору гуфтугӯ карданд.
Серҷио Гор, фиристодаи президент Доналд Трамп барои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дидору гуфтугӯ карданд.

Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта мизбони намояндаи баландпояи Амрико буд. 

Серҷио Гор, фиристодаи президент Доналд Трамп барои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзҳои 27-28-уми апрел дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

Дипломати 40-солаи зодаи Узбекистон, ки ҳамзамон сафири Амрико дар Ҳинд асту ба навиштаи Департаменти давлатӣ, як соҳибкори собиқадор ҳам мебошад, ҳамкориҳои сиёсию амниятӣ ва ҳам иқтисодию сармоягузориро бо Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Гор дар мақоми раиси департаменти таъиноти кадрҳои маъмурияти Трамп ҳам кор кардааст ва як шахсияти таъсиргузор дар масоили Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

"Мубориза бо терроризм"

Худи ӯ дар изҳороте аз 28-уми апрел гуфт, дар дидору мулоқотҳои Душанбе "масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои беруна", инчунин имкониятҳои ҳамкории миёни ду кишвар дар бахши иқтисод ва ҳамкории ширкатҳои амрикоӣ бо Тоҷикистон муҳокима гардид.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Серҷио Гор "бо ишора ба зарфиятҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъдан, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ таҳкими ҳамкории амалии минбаъда дар ин соҳаҳо ба манфиати ду ҷониб дониста шуд".

Ин нахустин мулоқоти баландпояи мақомоти ИМА ва Тоҷикистон баъди дидори таърихии президент Доналд Трамп бо панҷ раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2025 дар Кохи Сафед мебошад. Он сафар бо имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҳаҷми 3 миллиард доллар анҷомид ва роҳро барои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА дар соҳаи иқтисод, истихроҷи маъдан, хариди ҳавопаймо ва дигар барномаҳо боз намуд.

Ҳадаф Эрон буд?

Таҳлилгарони масоили Осиёи Марказӣ, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, бешубҳа, ҳадафи асосии сафари Гор баррасии мувофиқаҳои ҳосилшуда дар чаҳорчӯби С5+1 ва ҳамоҳангии нақшаҳои кор барои оянда мебошад.

Вале дар ин ним сол ҳодисаҳое ҳам рух дод, ки метавонад ба сифат ва вусъати ин ҳамкориҳо таъсиргузор гардад ва ин ҳам ҷанги ИМА ва Исроил алайҳи Эрон мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун як шарики муҳими сиёсию фарҳангии Эрон дар давоми беш аз ду моҳи низоъ баёнияҳое бо изҳори нигаронӣ аз хушунатҳо дар минтақа нашр карду ба мардуми осебдидаи Эрон ёриҳои ҳангуфти башардӯстона фиристод. Бархе расонаҳо бе овардани далеле тахмин карданд, ки эҳтимолан Тоҷикистон ба Эрон "дронҳои истеҳсоли ватанӣ"-ро фиристодааст, иттиҳоме, ки Тоҷикистон расман шарҳ надод.

Дар изҳороти расмии сафорати Амрико ва ҳам мақомот дар Тоҷикистон гуфта нашуд, ки дар дидору гуфтугӯҳои 27-28-уми апрел дар Душанбе мавзӯи ҷанги идомаёбанда дар Эрон матраҳ шуд ё на. Вале як дипломати тоҷик ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Серҷио Гор ва Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот ба таври умумӣ дар бораи Эрон ҳам гап заданд".

Вале ду таҳлилгари амрикоии масоили Осиёи Марказӣ, ки ба Радиои Озодӣ суҳбат карданд, мегӯянд, мавзеъгирии Тоҷикистон дар қиболи Эрон наметавонист аз ҷониби Кохи Сафед нодида гирифта шавад.

Эдвард Лемон, профессори донишгоҳи Техас ва муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, баъди шурӯи ҳамлаи ИМА ва Исроил "Тоҷикистон ба Теҳрон бо ирсоли ёриҳои башардӯстона як ҳисси ҳамдардӣ баён кард. ИМА зидди Эрон мехоҳад эътилофе бунёд кунад ва Тоҷикистонро водор намояд, ки як мавқеи мухолифатеро нисбати режими Теҳрон ва мавзеъгирии бештар бетарафонаро дар робита бо амалиёти амрикоиҳову исроилиҳо касб кунад. Бешубҳа, онҳо масоили дигари вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Амрико ба истихроҷи маъданро ҳам баррасӣ карданд, ки барои маъмурияти Трамп муҳим мебошад".

"Тоҷикистон бо Эрон мушкил дошт, вале..."

Таҳлилгар Брюс Паннир мегӯяд, Амрико ҳамеша дар бахши сармоягузорӣ ва кӯмакҳои амниятӣ барои тақвияти марз ёриҳои ҷиддие кардааст ва эҳтимолан Гор ҳам бо паёми хосе ба мулоқот бо президенти Тоҷикистон рафта буд.

"Ҳукумати Тоҷикистон бо эрониҳо дар гузашта мушкил дошт. Тоҷикистон Эронро дар ташкили қатлҳои шахсиятҳои маъруф ва пуштибонии мухолифон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳгор кардааст. Онҳо Эронро барои пешрафти кунде дар сохтмони нақб ҳам интиқод кардаанд. Эрон бисёр ваъдаҳояшро иҷро накард. Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ бо ИМА дар чаҳорчӯби С5+1 аст ва ба сармоягузории бештари ИМА ба бахши гидроэнергетика, истихроҷи маъдан манфиатдор аст. Эҳтимолан ба Душанбе гуфта шуд, ки ИМА барои ширкат дар ин тарҳҳо бо камоли хурсандӣ розӣ мешавад, агар бидонад, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ шакле ба Эрон ёрӣ намекунад, онгуна, ки ҳоло ИМА мехоҳад дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба ин кор даст ёбад," мегӯяд Брю Паннир.

Ба гуфтаи коршинос, ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар талоши боқӣ гузоштани як кишвари босубот барои вориси эҳтимолиаш аст, аз ин рӯ, ҳар пешниҳодеро, ки дар ин роҳ кӯмак мекунад, қабул хоҳад кард.

Брю Паннир гуфт: "Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтимолан наздик омадани хатми мӯҳлати раҳбариаш ҳатман мехоҳад, ки барои писараш як кишвари босуботеро гузорад. Агар иқтисоди Тоҷикистон пешрафт кунад, ин барои интиқоли қудрат ба писараш хеле кӯмак хоҳад кард… Агар ӯ саноати маъданро рушд дода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад, соҳаи гидроэнергетикаро рушд дода, аз хатарҳои экологӣ пешгирӣ кунад, амнияти сарҳад бо Афғонистонро ҳам тақвият диҳад, ки дигар ба таҳдид табдил нашавад, сармоягузориҳои дигареро ҳам ҷалб кунад, ба бовари ман, ин чиз мувофиқи талаботи Раҳмон ҳам мешавад”.

Паннир мегӯяд, Эрон ҳам метавонад ба Тоҷикистон чунин пешниҳодҳое бикунад, вале “иҷрои онҳо аз ҷониби Эрон душвортар аст”.

Серҷио Гор ҳам дар изҳороти матбуотиаш гуфтааст, ИМА манфиатдор аст, ки “ширкатҳои амрикоиро ҷалб кунем, онҳоро бо ширкатҳои шумо пайваст кунем ва имкониятҳои судманд барои ҳар ду кишвар фароҳам оварем”. Гор таъкид кардааст, ки ба фарқ аз маъмуриятҳои пешини Амрико, дар аҳди Трамп “Кохи Сафед барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, боз аст”.

Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолият, ИМА, асосан тавассути Оҷонсии рушди ИМА ба Тоҷикистон бо арзиши 2 миллиард доллар кӯмакҳо кардааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG