Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъину барканории чанд мансабдор дар Тоҷикистон. Ду нафар бознишаста шуданд. АКС


Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Бо фармону амри раиси ҷумҳур ва қарори ҳукумати Тоҷикистон чанд мансабдор аз мақомҳои худ барканор ва чанд каси дигар соҳиби мақомҳои нав шуданд.

Тағйироти кадрӣ, ки мухолифон ҳамеша онро ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна меноманд, рӯзи 27-уми апрел ва дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф, Маркази исломшиносӣ, Кумитаи сармоягузорӣ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ сурат гирифт.

Бино бо фармонҳои президент Эмомалӣ Раҳмон, Ҳикмат Ҷонибек Исмоил намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шуда, Маҳмадамин Маҳмадаминов аз ин мақом сабукдӯш гардид.

Сабаби барканории Маҳмадаминов "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст, вале маълум нест, дар кадом мақом ба фаъолият идома хоҳад дод. Дар бораи Ҳикмат Ҷонибек Исмоил иттилои кофӣ дар даст нест.

Мулоқоти раиси ҷумҳурӣ бо кадрҳои тозатъин
Мулоқоти раиси ҷумҳурӣ бо кадрҳои тозатъин

Муродулло Давлатзода бино бар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи мудири Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон озод гардид.

Ба ҷойи ӯ Абдураҳим Холиқзода, раиси пешини Кумитаи дин ва вакили собиқи порлумонро раиси Маркази исломшиносӣ гузоштанд. Дар замони раёсати ӯ дар Кумитаи дин қонунҳои нави дину танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ қабул шуда, бо танқидҳои зиёди дохиливу байнулмилалӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

Бо қарори ҳукумат, Фарҳод Салим, писари 46-солаи Абдумаҷид Достиев, собиқ муовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуд.

Ӯ дар аввали моҳи декабри соли гузашта аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Амрико озод шуда буд ва маълум нест, дар ин миён дар кадом симат ифои вазифа мекард. Фарҳод Салим дар гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ низ фаъолият дошт.

Се муовини вазири корҳои хориҷӣ нав шуд
Се муовини вазири корҳои хориҷӣ нав шуд

Бар асоси қарорҳои дигари ҳукумат аз рӯзи 27-уми апрел, Шараф Шерализода ва Содиқ Имомӣ муовинони дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Шараф Шерализода то ин дам дар мақоми муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Содиқ Имомӣ дар симати сафири Тоҷикистон дар Узбекистону Исроил кор мекарданд.

Инчунин, бо қарорҳои ҳукумат Латофат Назирӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз мақоми муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон барканор шуда, Гулчеҳра Ғанизода ҷойи ӯро гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тирамоҳи гузашта то ба ҳол ба чанд тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ даст зад.

Мухолифон мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки парвардаи низоми ҳозира ҳастанд ва аз эҳтимол дур аст, ки ба ислоҳот дар соҳаҳои худ даст бизананд.

XS
SM
MD
LG