Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз "тағйири косметикӣ". Интизориҳо чист?


For Tajik site

Ҳайати ҳукумати нави Тоҷикистон, тавре интизор мерафт танҳо қисман нав карда шуд. Чанд чеҳра аз Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ роҳбари соҳаҳое шуданд, ки таҷрибаи кор дар ин бахшро доштанду аз ҳайсияти хубе бархӯрдор буданд. Коршиносони наздик ба ҳукумат таъиноти чеҳраҳои навро қадами ҷиддие дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар медонанд. Таҳлилгарони мустақил бар инанд, ки дар низоми мавҷуда раҳбарон мустақилияти лозимро надоранд, аз ин рӯ намебояд мунтазири ислоҳоти бунёдӣ буд.

Ташкили ҳайати ҳукумати нави Тоҷикистон хеле зуд сурат гирифт. Фармони раисҷумҳур сеюми ноябр пас аз чаҳор рӯзи истеъфои ҳукумати қаблӣ баромад. Вале дар ин ҳукумат аксари пешиниён, аз ҷумла сарвазир ва раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ мавқеи худро ҳифз карданд. Аз чеҳраҳои нав танҳо панҷ нафар роҳбарии соҳаҳоеро ба дӯш гирифтанд, ки қаблан таҷрибаи кор дар ин соҳаҳоро доштанд.

Матлубахон Сатториён, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муовини сарвазир шуд, Сулаймон Зиёзода раиси пешини ноҳияи Деваштич ба курсии Вазорати кишоварзӣ расид, Ширин Амонзода, ки то ин замон раиси Кумитаи сайёҳӣ буд, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шуд, Шералӣ Кабир раиси Шӯрои мудирони ТАЛКО мақоми вазири саноат ва технологияҳои навро ба даст овард ва Далер Ҷумъа, мудири кулли пешини ширкати "Помирэнержӣ" вазири энергетика ва захираҳои об шуд.

Дар доираҳои коршиносӣ чунин таъиноти навро гуногун баҳогузорӣ мекунанд.

"КАДРҲОИ ЗАМОНАВӢ"

Мушовири собиқи президент дар умури кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ мегӯяд, ки интихоби кадрҳо мутобиқ ба чолишҳои иқтисодӣ дар кишвар сурат мегирад. "Инҳо кадрҳои наве ҳастанд, ки дар вазифаҳои қаблии худ натиҷаҳои бисёр хубе нишон додаанд. Фикр мекунам бо омадани онҳо дигаргуниҳои ҷиддие дар истеҳсолот ва иқтисод сурат мегирад",- пешбинӣ мекунад Азизӣ. Ба назари ӯ, мақомот бо назардошти буҳрони ҷаҳонӣ талош доранд тамоми тавониҳои дохилӣ, аз ҷумла зарфиятҳои кадриро истифода кунанд, ки ин даврони мушкилро пушти сар гузоранд.

Аз панҷ раҳбари (мудири) нав дар ҳукумат ду нафар зан ҳастанд. Бузургтарини онҳо 68 ва ҷавонтаринашон 42 сол дорад. Ҳамаи таъиншудагон аъзои ҲХДТ мебошанд ва ин баёнгари он аст, ки меъёри вафодорие, ки пештар коршиносон дар борааш гуфта буданд, вайрон нашудааст.

ИНТИЗОРИҲО АЗ ЧЕҲРАҲОИ НАВ

Ширин Амонзода, Шералӣ Кабир ва Далер Ҷумъа таҷрибаи калони кор бо созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузоронро доранд, забонҳои хориҷиро медонанду бино ба баҳогузориҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, дар миёни доираҳои мушаххаси мардум эътибор доранд.

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, ки президент интизориҳои мушаххасе аз чеҳраҳои навтаъиншуда дорад.

Далер Ҷумъа Шофақир, ба гуфтаи коршинос, бояд ҷалби муассири сармоягузориро ба бахши энержии кишвар барои идомаи бунёди НБО Роғун ва тарҳҳои дигар таъмин кунад.

"Ширкати "Pamir Energy»-ро, ки солҳои тӯлонӣ Далер Ҷумъа бомуваффқият мудирият кард, дар амри ҷамъоварии маблағи барқи таҳвилшуда чӣ ба истеъмолгарону ширкатҳо ва чӣ аҳолӣ ба дастовардҳои ҷиддие ноил шуд",-мегӯяд ин коршинос.

Ҳамсуҳбати мо таъини Шералӣ Кабирро ба он марбут медонад, ки ба тиҷорати алюминий дар кишвар алоқамандии хос поин рафта истодааст ва тарҳое, ки қарор буд муштаракан бо шарикони чинӣ рӯйи даст гирифта шаванд, дар ҳоли ҳозир амалӣ кардан ғайримумкин аст.

"Барои ҳамин тасмим гирифта шуд, ки Шералиро ба майдони фарохтар барои фаъолият дар бахши рушди саноат биоваранд, зеро дар ин ҷо зарфияти калоне барои амалӣ кардани тарҳҳои бузург, аз ҷумла дар бахши саноати маъдан мавҷуд аст", - боварманд аст Сафаров.

Бояд гуфт, ки дар даврони раёсати Шералӣ Кабир вазъи ТАЛКО то як ҳадде хубтар шуд, вале корхона дар ҳоли буҳрон аст, ки даромадҳояш коҳиш меёбад ва қарздор боқӣ мемонад.

Коршинос мегӯяд, ки Ширин Амонзода дар мансаби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имкон ёфт, ки худро дар мақоми нав нишон диҳад. "Дар воқеъ дар ин ҷо мушкилоти зиёде вуҷуд дорад ва ёфтани роҳҳалҳои дурусту муносиб дар бахши раванди муҳоҷират ва эҷоди ҷойҳои нави кор дар кишвар барои Амонзода масъулияти содае нахоҳад буд. Дар мансаби пешин, ки Амонзода масъули рушди бахши сайёҳӣ буд, баъзе пешрафтҳои мушаххасе сурат гирифт, вале ҳоло барвақт аст бигӯем, ки онҳо аз нигоҳи муассирияти иқтисодӣ то куҷо муваффақ будаанд",-мегӯяд коршинос.

КАДРҲО ҲАМА ЧИРО ҲАЛ НАМЕКУНАНД

Дар нахустин суханронии худ баъди пардохтан ба вазифа Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод кард, ки таваҷҷуҳи бештаре ба рушди иқтисодӣ, коҳиши фақр ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ мекунад.

Таъиноти нав дар вазоратҳои энержӣ, саноъат ва меҳнату муҳоҷират, эҳтимолан бо ангезаи ҳамин ҳадафҳо бошанд. Вале ин андеша низ вуҷуд дорад, ки дар низоми мавҷуд ҳатто тавонмандтарин кадрҳо ҳам аз имконоти васее маҳруманд, ки барои коркардҳо ниёз аст.

"Ин ки ҳукумат аз таъини кадрҳои шоиста дар мансабҳои раҳбарӣ интизориҳое дорад – нияти нек аст, вале дар ҷомеаи фасодзада ва режимҳои инчунинӣ, ҳатто вақте ин гуна кадрҳо ҳам таъин мешаванд, ба онҳо озодии амал ва интихоб заминаи пешрафт дода намешавад, аз ин рӯ интизори натиҷаи зиёде аз онҳо набояд шуд",- мегӯяд рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода. Ҳукумат дар кишвар,- мегӯяд ӯ, ба ҳадди кофӣ мутамарказ шудааст ва ҳамаи тасмимҳо ё зери фишор ё бо тавсияи боло гирифта мешаванд.

ЧЕҲРАҲОИ НАВУ РАВИШҲОИ КӮҲНА

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари буҳрони ношӣ аз ҳамагирии коронавируси COVID-19 сурат гирифт. Вокуниши мақомот дар амри мубориза бо коронавирус мавриди интиқод ва норозигиҳои ҷомеа қарор гирифт.

Пешбинӣ мешуд, ки бадшавии вазъи иқтисодӣ дар кишвар ҳукуматро маҷбур мекунад, ки стратегияи амалкардҳои худ ва сиёсати кадрияшро дар ташкили ҳукумати нав бозбинӣ кунад. Вале, тавре доктори улуми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, интизориҳо амалӣанд нашуд.

"Рӯйкарди ҳукумат ба он хотир тағйир намекунад, ки чеҳраҳои калидӣ дар ҳукумат бо ҳам хешу таборанд. Вақте механизми ниҳодинаи қудрат кор намекунад, вақте чунин порлумон дорем, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонанд вазифаи назоратии худро иҷро кунанд, пас ниятҳои нек дастнорас мемонанд ва таъиноти чор чеҳраи нав қодир ба тағйироти бунёдии чизе нахоҳанд буд",- мегӯяд Ҳакимов. Ҳамсӯҳбати мо бар ин аст, ки ҳукумат барномаи стратегии равшане барои берун овардани кишвар аз буҳрони иқтисодӣ ва таъмини беҳбуди зиндагии мардум надорад.

Бояд гуфт, ки дар бахшҳои иқтисодӣ-молиявӣ, қудратӣ, сиёсати берунӣ алорағми пешбиниҳои коршиносон тағйироти кадрӣ сурат нагирифт. Эҳтимолан, ҳукумат тарҷеҳ дод, ки вазъи мавҷуд дар ин бахшҳоро ҳифз кунад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ дар соли 2019 бахши хидмати давлатии кишвар 21102 ҷойи кор доштааст, ки 19382 ҷойи он банд ва боқии он холӣ будаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG