Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшиносон: Танқиди президентро набояд ҳамчун таҳқир пазируфт


Адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҷумла бо иттиҳоми "таҳқири президент" ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудааст
Адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҷумла бо иттиҳоми "таҳқири президент" ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудааст



Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати рақиб ё шахси нофорами худ ҳама гуна дашному таҳқирро раво мебинанд. Гоҳе чунин бархӯрд бо шахси аввали давлат, президенти Тоҷикистон низ рӯй медиҳад, ки ҷиноят ба шумор меравад. Вале татбиқи ин қонун бештар “сиёсӣ” ба назар мерасад, то ахлоқӣ. Ҳол он ки дар ҷойи аввал гузоштани ахлоқ метавонист, бедаҳанҳои шабакаҳои иҷтимоиро низ ҳушёр кунад.

“Маро ба таҳқири президент гунаҳгор мекарданд”

Яке аз охирин парвандаҳо аз Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд, ки мегӯяд, соли 2019, вақте ӯро аз Маскав рабуда, ба Душанбе бурданд, огаҳ карданд, ки нисбаташ, дар баробари дигар иттиҳомот, инчунин аз рӯи моддаи “таҳқири президент” парванда боз шудааст.

Вай рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Видеоҳои ман, мазмуни сӯҳбатҳои маро он ҷо оварда буданд. Гунаҳгор кардани президент дар ин ё он масъаларо таҳқири президент унвон карда буданд. Гуфтанд, ки “шумо ҳақ надоред президентро дар ин ё он масъала гунаҳгор кунед”. Ман фикр мекунам, ки онҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ки қонунӣ гардонидани ҳифзи манфиатҳои хонаводаро таъмин кунанд. Яъне гӯянд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад ба президент гӯяд, ки ин коратон ғалат аст, хато аст, иштибоҳ кардед, ҳукуматро хонаводагӣ кардед. Ин масъалаҳо метавонад ҳамчун таҳқири президент истифода шаванд”.

Агар қазияи Гадоев бо фишори созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои Ғарб ҳал шуда, ӯ ба Ҳолланд баргашт ва парвандааш ба додгоҳ нарафт, пеш аз ӯ дар моҳи августи 2018 додгоҳ Умар Муродовро барои “таҳқири” президент Раҳмон дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳарчанд худи ӯву наздиконаш дар додгоҳ гуфтанд, изҳориназарҳои ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ “як хато” буд, додгоҳ ҳукмашро тағйир надод.

Ҳукми дувуми додгоҳӣ ба парвандаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров рабт дорад, ки соли 2015, баъди омодагиаш дар ҳимояти ҳуқуқии аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт шуд. Ин ҳизб сентябри он сол ғайриқонунӣ ва террористӣ эълон шуд, вале он ҳеҷ гоҳ чунин иттиҳомро қабул накард. Ёров, ки соли 2017 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, дар авҷи мурофиаҳои додгоҳӣ буд, ки аз рӯи моддаи “таҳқири президент” ба ҷавобгарии нав кашида шуд ва аз ин ҳисоб ба ҳукми ниҳоии зиндонаш солҳои иловагӣ афзуд.

Таърихчаи як қарори ҳукумат

Рӯзи 2-юми ноябри соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки бар асоси он дар Кодекси ҷиноии кишвар муҷозот барои таҳқири Асосгузори сулҳу ваҳдат - пешвои миллат, президенти Тоҷикистон шадидтар шуд. Барои шахсе, ки аз ҷониби додгоҳ бар асоси ин модда гунаҳгор эълон мешавад, то 5 соли зиндон пешбинӣ мешавад. Соле баъдаш ба моддаи 137-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ду банди наве илова шуд, ки бар асоси ин тағйиру иловаҳо, барои «таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ё тўҳмат кардан ба ў" ва содир кардани «ҳамин кирдор бо истифода аз матбуот, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет» ҷаримабандӣ дар ҳаҷми “аз 100 то 500 нишондиҳанда” то “панҷ сол ҷазоро” пешбинӣ мекунад.

Моддаи “таҳқир”-и корманди давлатӣ ва ё мақомдорро фаъолони ҳуқуқ аз қабили ҷазоҳи сиёсӣ ном мебаранд, ки бештар барои роҳ надодан ба интиқоди намояндагони ҳукумат ё мансабдорон равона шудааст. Дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ин моддаи қонун борҳо нисбати журналистони ҷудогона ваё дар нисбати бархе сиёсатмадорони мунаққиди ҳукумат ба кор рафтааст. Вале соли 2012 бо талоши ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва ҳам бо машваратҳои созмонҳои байналмилалии шарики ин кишвар, ҳукумати Тоҷикистон ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 135 ва 136-умро аз матни қонун ҳазф карда буд, ки аввалӣ ба туҳмат ва дуввумӣ ба таҳқир рабт дошт. Аммо моддаи 137 бетағйир боқӣ монд ва ба он ду банди нав илова шуд.

Таъсири Қонуни “Пешвои миллат”

Як ҳуқуқшинос, ки дар созмони маҳаллии ёрии ҳуқуқӣ кор мекунад, мегӯяд, “бо қабул шудани қонуни “Пешвои миллат” зарурати мутобиқ кардани қонунҳои дигар, аз ҷумла Кодекси ҷиноӣ ба он пеш омад. Аз ин рӯ, ду банди нав ҳам мутобиқи ин қонун дар моддаи 137 илова шуд”. Ин ҳуқуқшинос, ки бо далелҳои ахлоқӣ нахост номаш бурда шавад, гуфт, соли 2016, замоне, ки қарори ҳукумат содир шуд, “як сол баъди ҳодисаҳои ошӯб ва зиндонӣ шудани омилони он, мамнӯъ шудани ҳизби наҳзати исломӣ аз кишвар буд. Кӣ ҷуръат мекард, ки бо дурустии ин банди қонун шубҳа кунад?”.

Мисли ин ҳуқуқшинос сангинтар шудани муҷозот барои таҳқири президентро он замон бисёре аз фаъолони ҷамъиятӣ, рӯзноманигорону намояндагони мухолифон ҳамчун аломати шадидтар шудани озодии баён ва саркӯби мухолифон арзёбӣ карданд.

Владислав Лобанов, як муҳаққиқи масоили ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, “ҳукумати Тоҷикистон бояд ин банди қонунро ҳазф кунад”. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол сафи матбуоти озод дар Тоҷикистон хеле кам шудааст ва матбуоти амалкунанда ҳам наметавонад дар фазои боз амал кунад. “Мақомоти тоҷик бояд ба озодии сухан ва иттило, аз ҷумла дар интернет, эҳтиром қоил шаванд ва нисбати ҳама гуна интиқод аз кори ҳукумат ва сиёсатҳояш бояд таҳаммулпазир бошанд”.

Ҷорӣ кардани муҷозоти сангин барои таҳқири президенти Тоҷикистонро дар Кодекси ҷиноӣ бисёр созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, Freedom House, дафтари ҳуқуқи башари СММ ва дигар шарикони Тоҷикистон интиқод карда аз мақомоти тоҷик тақозо карданд, ки ин тасмимро бозбинӣ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳама гуна танқид дар ниҳоят ҳадафи рушди ҷомеаро дорад, чун ба иштибоҳу мушкилот ишора мекунад ва танҳо дар сурати ошкор гуфтани ин масъалаҳо, на пӯшондани онҳо, мешавад ба пешрафт даст ёфт. Ва танқид аз таҳқир фарқ мекунад.

XS
SM
MD
LG