Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургмеҳр Ёров барандаи ҷоизаи байнулмилалии Homo Homini шуд


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Вакили мудофеи зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров барои садоқати касбӣ ва талоши ҳифзи ҳаққи шаҳрвандон ба додгоҳи одилона барандаи ҷоизаи байнулмилалии Homo Homini шуд. Ин ҷоиза ҳар сол аз тарафи созмони байнулмилалии ғайридавлатии People in Need ба муборизони ҳуқуқи инсон дода мешавад. Бузургмеҳр Ёров аз соли 2015 боз дар ҳабс аст ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ ва пайвандонаш ҳукмро сиёсӣ медонанд. Мақомот ҳамвора талаби озодии ӯро рад кардаанд.

"Ёров, ки тӯли солҳои тӯлонӣ барои рушди ҳуқуқи бунёдии инсон дар Тоҷикистон мубориза мекунад, сарфи назар аз натиҷаи кораш ба таъқиботи сахт дучор омадааст. Вай ба дифоъ аз онҳое иқдом кард, ки иттиҳомоташон ангезаи сиёсӣ дошта, вакилони дигар аз ҳимояташон худдорӣ карданд", -- гуфта мешвад дар изҳороти созмони People in Need, ки рӯзи 5-уми феврал нашр шуд.

Дар он ҳамчунин омадааст: "Дар натиҷаи иҷрои вазифааш ин вакили машҳур ҳам моликият ва ҳам озодии худро аз даст дод".

Қарор аст, ҷоиза рӯзи 5-уми март дар Ҷумҳурии Чех ба Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр супурда шавад. Дар гузашта ин ҷоизаро вакили мудофеи озарбойҷонӣ Интиқом Алиев, ҳомии ҳуқуқи инсон аз Беларус Алес Бялятски ва фаъолони эронӣ Абдуллоҳ Муъминӣ ва Маҷид Таваккулӣ соҳиб шудаанд.

Бузургмеҳр Ёров соли гузашта ҷоизаи ба номи Файзиннисо Воҳидоваро, ки аз тарафи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо таъсис шудаст, соҳиб гардид. Ӯро ҳамчунин бо дипломи Ҷоизаи Ватслав Ҳавелро қадрдонӣ карданд.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 баъд аз он ки барои ҳимоят аз аъзои ҳизби акнун мамнӯи Наҳзати исломии Тоҷикистон иқдом намуд, дастгир ва дертар бо иттиҳоми сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи ноябри соли гузашта бар асоси қонуни нави афв аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров шаш сол кам карда шудааст. Ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Як моҳ пеш аз ин афв Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вакили мудофеи зиндонӣ пешниҳоди афвро напазируфтааст ва ба бегуноҳии худ бовар дорад.

"Бино ба маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, чанд дафъа кӯшиш кардаанд, дар телевизион баромад кунад. Ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, "имзо кунад ва афв хоҳад шуд". Бузургмеҳр Ёров розӣ нашуд. Ёров аз аввал то охир дар як ақида аст, ки бегуноҳ ҳастам ва бояд озод шавам," -- гуфт Ҷамшед Ёров.

Созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла гуруҳи Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро озод кунанд.

Мақомот пайваста гуфтаанд, ки Ёров барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва парвандааш ангезаи сиёсӣ надорад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, қазияи Ёров яке аз намунаҳои барҷастаи фишор болои ҳуқуқшиносони мустақил дар Тоҷикистон аст, ки барои талоши иҷрои фаъолияти худ ва ҳимоят аз ҳуқуқи афроди нохушоянд аз назари сиёсӣ осеб дидаанд.

Се сол пеш, баъд аз имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки бо танқиди ҳомиёни ҳуқуқ дучор омад, тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло дар Тоҷикистон 800 нафар расман ба ҳайси вакили мудофеъ кор мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG