Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Испания барои сироят кардани 22 кас ба COVID-19 муттаҳам шуд


Ёрии таъҷилӣ, Испания
Ёрии таъҷилӣ, Испания

Як сокини 40-солаи Испания ба сироят кардани 22 нафар ба коронавируси нав муттаҳам аст. Пулис рӯзи 24-уми апрел гуфт, ин мард сарфи назар аз он ки аломатҳои рӯшани COVID-19-ро дошт, ба ҷойи кор рафта, дар як толори варзишӣ машқи бадан мекард.

Дар баёнияи идораи пулис гуфта шудааст, "ҳарчанд ҳамкорону раҳбарияти корхона аз ӯ хоста буданд, ба хонааш равад, бо таби 40 дараҷа ба ҷойи кор мерафт."

Ба иттилои расмӣ, ин мард ба таври мустақим ҳашт нафар ва ба таври ғайримустақим 14 нафарро дар ҷойи кору толори варзишӣ ба беморӣ гирифтор кардааст. Се нафари онҳо кӯдакони яксола будаанд.

Дар изҳороти пулис гуфта мешавад, "тафтишот дар охири моҳи январ, замоне оғоз ёфт, ки мақомот аз мавҷудияти бемории COVID-19 дар як муассисаи маъруф дар шаҳраки Манакор огоҳ шуданд".

Дар Испания қариб 3,5 миллион мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, зиёда аз 77,500 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG