Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА иддаои Чехияро дар бораи ду ҷосуси рус баррасӣ мекунад


Александр Петров ва Руслан Боширов, ду ҷосуси эҳтимолии Русия, дар баробари заҳролудкунии Скрипалҳо дар ташкили таркише дар Ҷумҳурии Чех низ муттаҳам мешаванд
Александр Петров ва Руслан Боширов, ду ҷосуси эҳтимолии Русия, дар баробари заҳролудкунии Скрипалҳо дар ташкили таркише дар Ҷумҳурии Чех низ муттаҳам мешаванд

Қарор аст, рӯзи 19-уми апрел вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо иддаои Ҷумҳурии Чехро дар бораи ду ҷосуси Русия баррасӣ кунанд.

Мақомоти Прага гуфтанд, ин афрод дар ташкили таркиши як захирагоҳи силоҳ дар соли 2014 даст доштанд. Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар заҳролудкунии Скрипалҳо дар соли 2018 дар Бритониё муттаҳаманд.

Нахуствазири Чехия Андрей Бабиш рӯзи 17-уми апрел эълон кард, ки 18 дипломати русро аз хоки ин кишвар берун мекунанд. Дар посух Маскав ҳам гуфт, 20 дипломати чехро аз хокаш меронад.

Моҷарои бархоста баъд аз соли 1989 – замони суқути ҳукумати коммунистӣ дар ин кишвари хурди Аврупо, ки як узви НАТО мебошад, бесобиқа аст ва таниши миёни Маскаву Ғарбро боз ҳам бештар мекунад.

Бабиш дар изҳороташ рӯзи шанбе гуфт, далели боварбахши муфаттишони Чехияро дар ихтиёр доранд, ки дар он аз нақши ҷосусони рус дар таркиши соли 2014 дар шаҳри Врбетитсе сӯҳбат мешавад.

Ӯ афзуд, ин кори дасти ходимони ГРУ ё Сарраёсати ҷосусии маъруф бо рақами 29155 мебошад. Ин бахш дар чанд талоши сӯиқасд ба ҷони одамон дар Аврупо гумонбар мешавад ва яке аз онҳо заҳролудкунии падару духтар, Скрипалҳо, дар шаҳри англисии Салисбури мебошад.

Муҳимоти низомиву силоҳе, ки соли 2014 дар Чехия нобуд карда шуд, тибқи гузоришҳо, бояд ба Украина фиристода мешуд. Ин кишвар аз соли 2014 бо ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин дар ҳоли низоъ мебошад. Дар таҳқиқот маълум шудааст, ки як созмони тоҷири силоҳ дар Булғористон ҳам бояд мавриди ҳадафи ҳамла қарор мегирифт.

XS
SM
MD
LG