Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Ироқ ва Тайланд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ФФТ
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои моҳи июни марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили тимҳои миллии Ҷопон ва Мянмар, моҳи май ду бозии дӯстона бо мунтахабҳои Ироқ ва Тайланд баргузор мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии лӯстона миёни тимҳои миллии Ироқ ва Тоҷикистон 24-уми май дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Басра баргузор мешавад.

Шогирдони Усмон Тошев бозии дӯстонаро бо мунтахаби Тайланд 29-уми май дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 15 имтиёз аз 5 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Бозиҳои дӯстона

24-уми май (душанбе)

Ироқ – Тоҷикистон

Басра, Ироқ

29-уми май (шанбе)

Тайланд – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Араб

XS
SM
MD
LG