Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ: Туркия дубора Туркманистонро ба Шӯрои туркӣ даъват кард


Шӯрои туркӣ, моҳи октябри соли 2019
Шӯрои туркӣ, моҳи октябри соли 2019

Маҷаллаи ҷопонии "Nikkei Asia" гузоришеро дар бораи рақобатҳои Туркия ва Русия барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ нашр кард. Дар ин гузориш талошҳои ду абарқудрат барои соҳиб шудани муносибатҳои наздик бо минтақаи Осиёи Марказӣ инъикос шудааст.

Муаллифи гузориш нақши Шӯрои туркиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва талоши Русия барои ҳифзи муносибатҳо бо кишварҳои минтақаро баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, Русия муқобили талошҳои Анкара аст, ки мехоҳад, Шӯрои туркиро ҳамчун василаи барқарории равобити наздик бо кишварҳои туркзабони минтақа истифода барад.

Рӯзи 31-уми марти имсол кишварҳои шомили Шӯрои туркӣ нишасти онлайн баргузор карданд. Бо даъвати шӯро роҳбари Туркманистон ҳам дар нишаст ширкат кард.

Шӯрои туркӣ, ки расман Шӯрои Ҳамкориҳои давлатҳои туркзабон унвон дорад, соли 2009 таъсис шудааст ва айни замон Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия шомили он ҳастанд.

Туркманистон бо даъвои ин ки кишвари бетараф аст, шомили Шӯрои туркӣ нашудааст. Аммо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, дар нишасти ахири Шӯро аз Туркманистон бори дигар даъват кард, ки узви Шӯро шавад. Роҳбари Туркия бори аввал дар моҳи декабри соли 2020 аз Туркманистон ин даъватро карда буд.

Маҷаллаи ҷопонӣ менависад, дар ҳоле, ки Анкара аз Ишқобод даъвати узвият мекунад, Москва ҳамкориро бо Туркманистон тақвият мебахшад.

Русия, ба навиштаи муаллиф, нисбати Туркия, ки узви НАТО аст, назари неке надорад ва намехоҳад, ки дар Осиёи Марказӣ нуфуз дошта бошад. Муаллиф менависад, Русия Осиёи Марказиро "ҳавлии пушти хонаи худ" медонад.

XS
SM
MD
LG