Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли дуюми моҳи Рамазон дар давраи пандемия


Хариди рамазонӣ дар як бозори Сурия
Хариди рамазонӣ дар як бозори Сурия

Сарфи назар аз идомаёбии пандемия ва нигарониҳо аз афзоиши мизони гирифторӣ бо бемории COVID-19, сар аз 13-уми апрел мусулмонони саросари олам фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ҷашн мегиранд. Соли дуюм аст, ки Рамазон ба даврони пандемия рост меояд ва мусумлонони рӯзадор бояд дар баробари худдорӣ аз тановули ғизо, нӯшидани об ва дигар аъмоли дунявӣ маҳдудиятҳои марбут бо ҷилавгирӣ аз сирояти саросарии коронавирусро иҷро кунанд.

Дар моҳи Рамазон мусулмонон барои кушодани рӯза ва намозгузорӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба мисли ошхонаву масҷидҳо, бештар ҷамъ мешаванд, ки, ба қавли табибон, эҳтимоли сирояти коронавирусро афзоиш медиҳад. Дар бисёре аз мамолики исломӣ пешвоёни рӯҳонӣ мардумро ба гирифтани ваксинаи зидди коронавирус ташвиқ намуда, худашон ҳам дар мазҳари ом ваксина гирифтанд.

Ба гуфти онҳо, гирифтани ваксина рӯзаро намешиканад. Дар Тоҷикистон низ аз шоми дирӯз дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ бидуни маҳдудият намози таровеҳ баргузор шуд. Мақомот мегӯянд, танҳо талаб ин аст, ки фосилаи ҷисмонӣ риоя шавад ва ниқоби тиббӣ бипӯшанд.

XS
SM
MD
LG