Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Малика Елизавета дар 99-солагӣ даргузашт


Малика Елизавета ва ҳамсараш Шоҳзода Филип. Акс аз бойгонӣ
Малика Елизавета ва ҳамсараш Шоҳзода Филип. Акс аз бойгонӣ

Шоҳзодаи Бритониё Филип, ҳамсари Малика Елизавета дар синни 99-солагӣ даргузашт. Дар изҳороте қасри Букингем рӯзи 9 апрел гуфта шуд, ки ҳамсари Малика Елизавета субҳи имрӯз дар қасри Виндзор даргузашт. Дар изҳороти қаср гуфта шудааст, ки “Малика бо андӯҳи амиқ марги ҳамсари дӯстдоштааш, аълоҳазрат, герсоги Эдинбург Шоҳзода Филипро хабар дод”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар бораи маросимҳои вобаста ба дафни ҳамсари Малика баъдан хабар хоҳанд дод. Дар бораи сабабҳои марги шоҳзода иттило дода нашудааст, вале ахиран ӯ як моҳ дар беморхонае аз як сироят табобат гирифт ва ҳам дилашро муолиҷа кард. Ӯ 16-уми март аз беморхона ҷавоб шуда, ба қасри Виндзор баргашт.

Шоҳзода Филип соли 1921 дар хонаи салтанатии юнонӣ таваллуд шуда, баъдан бо хонаводааш ба Фаронса кӯчид. Ӯ 18 моҳ дошт, ки падараш, як фармондеҳи низомӣ, барои шикасти шадиде дар ҷанг бо туркҳо муҳокима шуд.

Модари ӯ шоҳдухтар Элис аз Баттенберг, ки аз авлоди салтанатии олмонӣ мебошад, мисли худи Малика Елизавета аз абераҳои Малика Виктория ба шумор мераванд. Филип дар мактаби Бритониё таҳсил карда, дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар сафи нирӯҳои бритониёӣ ҷангидааст. Баъди бозгашт аз ҷанг дар соли 1947 бо Елизавета издивоҷ кард.

Панҷ сол баъди арӯсии онҳо падари Елизавета шоҳ Георги Шашум бар асари саратон ҷон дод ва қудрат ба Елизавета гузашт. Филип аз унвони шоҳзодаи Юнон ва Дания даст кашида, шаҳрвандии Бритониёро гирифт.

Малика Елизавета ва Шоҳзода Филип чор фарзанд доранд: шоҳзода Чарлз, шоҳдухтар Анна, шоҳзодаҳо Эндрю ва Эдвард. Инчунин онҳо 8 набераву 9 абера доранд.

XS
SM
MD
LG