Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "бисёриҳо як Манижаро дида натавонистанд"


Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия ин кишварро дар "Евровидение” муаррифӣ мекунад
Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия ин кишварро дар "Евровидение” муаррифӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки қарор аст, дар озмуни "Евровидение” ширкат кунад, тавсиф кард.

Ӯ рӯзи 9-уми апрел зимни мулоқот бо сокинони Ворух гуфт, "Манижа ҳамаро саргардон кардааст ва бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд."

Зоҳиран, манзури Эмомалӣ Раҳмон бархӯрди бархе аз чеҳраҳои шинохтаи Русия аст, ки иштироки Манижа аз номи кишвар дар озмуни "Евровидение”-ро қабул надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеи ин овозхон истиқбол кард ва гуфт, “аҳсан, ки аз тоҷик буданаш даст намекашад ва мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам.”

Манижа Сангини 29-сола, овозхони тоҷики муқими шаҳри Маскав, рӯзи 8-уми март дар натиҷаи овоздиҳии тамошобинони шабакаи аввали Русия ғолиб шинохта шуд ва ҳамакнун дар сабқати таронаҳо дар "Евровидение" аз Русия намояндагӣ хоҳад кард.

Пирӯзии духтари тоҷики шаҳрванди Русия дар бахши миллии озмуни бонуфуз баҳси зиёде эҷод кард. Дар ҳоле ки бисёре аз ширкати ин овозхони боҳунару ғайримаъмулӣ ҷонибдорӣ кардаанд, иддае дигар бо ишора ба тоҷик будани Манижа бо натиҷаҳои озмун мухолифат доранд.

Чеҳраҳои сиёсие, мисли Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз матни таронаи “Зани рус”, ки Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон ба озмуни "Евровидение" интихоб кардааст, интиқод карданд.

Аз ҷумла, Матвиенко гуфт, ки бояд шаффофияти озмуне, ки дар он Манижа барранда шудааст, тафтиш шавад. Ӯ гуфт, матни суруд таҳқиромез аст.

Владимир Жириновский, дар суҳбат бо расонаҳои Русия рӯзи 9-уми март гуфта буд, ки "чунин таронае даркор нест". Эътирози Жириновский нисбат ба мисраест, ки дар он таъкид мешавад, “писар бе падар ва духтар бе падар аст”.

Зоҳиран овозхон бо ин мисраъҳо ба мушкили пошхӯрии оилаҳо дар Русия ишора мекунад, ки аксар фарзандон дар тарбияи модар ба воя мерасанд ва ҳама вазнинии рӯзгор ба дӯши занон меафтад.

"Евровидение" имсол моҳи май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир мешавад. Соли гузашта ин озмун бинобар пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

XS
SM
MD
LG