Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳунар ва миллат. Нигоҳҳо аз Душанбеву Маскав ба пирӯзии Манижа Сангин


Манижа Сангин

Номи Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки моҳи май дар озмуни мусиқии Eurovision аз Русия намояндагӣ хоҳад кард, дар шабонарӯзи охир дар сархатти расонаҳо қарор гирифт. Баҳси ҷонибдорону мухолифонаш низ дар бораи ӯ ва таронаҳояш кам нест.

Наҷиба Усмонова, модар ва ҳамзамон продюсери Манижа Сангин, рӯзи 9-уми март гуфт, фаъолиятҳои ӯ ба сиёсат ҳеч рабт надоранд ва танҳо ба унвони “намояндаи Русия талош мекунад, шарафи ин кишварро ҳимоят кунад”.

Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Шабакаи аввали Русия, қарор шуд, Манижа моҳи май дар даври байналмилалии озмуни Eurovision иштирок карда, таронаи “Russian Woman”-ро иҷро мекунад. Ин оҳанг омехта ба забонҳои русиву англисӣ аст.

Агар ӯ шаҳрванди Русия аст, ин як масъала мебошад. Агар ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст, гапи дигар аст. Дар асл Русияро бояд шаҳрвандони Русия муаррифӣ кунанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар Русия дигар шахси боистеъдод намондааст.
Иосиф Пригожин

Пирӯзии Манижа дар озмуни миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоиву матбуоти русӣ сарусадо барпо кард. Баъзе аз мунаққидони мусиқӣ мегӯянд, аз миёни се ширкатдори охири озмун шонси Манижа Сангин барои пирӯзӣ бармало дида шуд ва шеваи ҳунарнамоии ӯ ба он чи ки дар Eurovision маъмулан қобили қабул аст, наздиктар мебошад.

Айни замон, бархе дигар ба вазъи сиёсии Русия ва интиқоди ҷомеаи байнулмилалӣ аз саркӯби эътирозҳову зиндонӣ шудани сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний ишора карда, мегӯянд, эҳтимол ин навбат намояндаи Русия баранда шавад. Иддае дар шабакаҳо ҳаққи пирӯзии Манижаро аз назари ҳуввияти миллии ӯ зери суол бурдаанд.

“Манижа як овозхон аст ва ӯ ба Eurovision барои ҳимоят аз шарафи кишвар меравад”, -- гуфт Наҷиба Усмонова. Вай афзуд, озмуни миллӣ нав ба анҷом расид ва дар чанд рӯзи наздик тасмими тими Манижа ин шуд, ки бо матбуот суҳбат намекунад, вале ёдовар шуд, Манижа дар Русия таҳсил кардаву тарбия гирифтааст ва барномаҳои ҳунариву иҷтимоии ӯ ҳам дар Русия татбиқ мешаванд.

Манижа Сангини 29-сола дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо таронаву фаъолиятҳои иҷтимоиаш машҳур аст. Яке аз таронаҳои маъруфи ӯ дар бораи муҳоҷирон – "Недославянка" – аст, ки тақрибан ду сол пеш муаррифӣ шуд ва шароиту эҳсосоти пурчолиши як муҳоҷирро дар Русия дар шеваи танзу фоҷиа баён кард.

Наҷиба Усмонова мегӯяд, Манижа як духтари “боз ва фарҳангӣ асту пойбанди маҳдудаҳои миллӣ нест”. Зимнан, маҳз фаъолиятҳои иҷтимоии Манижа сабаб шуд, ки UNHCR, дафтари Созмони Милал оид ба паноҳандагон, моҳи декабри соли 2020 ӯро ҳамчун сафири ҳусни ният барои кумак ба гурезагону муҳоҷирон интихоб кард.

Беҳрӯз Зеваров: Манижа “шонс дорад”

Беҳрӯз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров

Продюсери тоҷик, Беҳрӯз Зеваров, ки даври ниҳоии бахши русии озмуни Eurovision-ро тавассути Шабакаи аввали Русия тамошо мекард, гуфт, аз дидани пирӯзии Манижа бисёр шод шуд.

Ӯ дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми март аз шаҳри Душанбе гуфт, “бисёр шод шудам, ки духтари тоҷик дар Eurovision баромад мекунад. Ҳангоми эълони ғолибияташ сарам ба осмон расид. Бисёр хондам, ки ин сурудаш мувофиқ нест. Лекин, фикр мекунам, ҳамин формат ба худи Eurovision бисёр мувофиқат мекунад ва сазовори яке аз ҷойҳои аввалин мешавад”.

Зеваров афзуд, Манижа барои ғолиб шудан “шонс дорад. Каме ба ғолиби соли 2018 Нетта (Барзилай, Исроил) монандӣ ҳам дорад”. Беҳрӯз Зеваров гуфт, аз он ки дар шабакаҳои иҷтимоиву интернети Русия ҳоло бархе бо ишора ба миллати Манижа маъракаи ҳамларо ба роҳ мондаанд, хеле нороҳат шудааст.

Манижа Сангин ҳеч гоҳ пинҳон накардааст, ки зодаи Тоҷикистон ва тарбиятгирифтаи хонаводаи бобои нависандааш Тоҷӣ Усмон аст ва шоми 8-уми март ҳам аз саҳнаи озмуни телевизиони Шабакаи аввал гуфт, ғалабаашро ба модаркалонаш бахшидааст.

Дар як суҳбати қаблии худ Манижа гуфтааст, бонувони хонавода ҳама занҳои ҷасуру таҳсилкарда буданд ва ӯ ҳам роҳи онҳоро идома медиҳад.

Зафар Абдуалимов: Ширкати Манижа дар Eurovision барои мо хеле муҳим аст

Зафар Абдуалимов
Зафар Абдуалимов

Овозхон Зафар Абдуалимов мегӯяд, “хушҳол аст, ки Манижа пирӯз шуд”. Вай афзуд, “бо Манижа соли 2006 дар як саҳна дар Душанбе ҳунарнамоӣ карда будем. Албатта, хушҳолам, ки тоҷики мо як давлати бонуфузро муаррифӣ мекунад”.

Абдуалимов соли 2019 яке аз доварони озмуни минтақавии Central Asia's Got Talent буд, ки бо пирӯзии овозхони тоҷик Чоршанбе Аловатов анҷомид. Ӯ мегӯяд, Eurovision айни замон яке аз озмунҳои бонуфузтарини мусиқии байналмилалӣ мебошад, ҳарчанд, эҳсос мешавад, ки дар баҳои доварон на ҳамеша ҳунару истеъдод, балки равобити байни давлатҳо бештар нақш мебозад.

“Солҳои гузашта дар ҳамин озмун медидем, ки аврупоиҳо аз ҳамдигар ва, масалан, Русияву Беларус, Озарбойҷон аз якдигар дастгирӣ мекунанд. Ин баёнгари он аст, ки онҳо на ҳамеша ба истеъдоду ҳунарнамоӣ баҳо медиҳанд, балки ба наздикии (сиёсии) кишварҳо. Вале ин озмун аз миёни аксар озмунҳои дигари мусиқии байналмилалӣ баландтарин аст. Ин ки Манижаи мо ба ин озмун роҳ ёфт, бо ҳар роҳе, ки баҳо доданд – одилона ё не, муҳим нест. Ин воқеият барои мо, мардуми мо, як натиҷаи калон аст”.

Иосиф Пригожин: Ба ҳама гуна шарҳҳои нажодпарастона назари бад дорам

Продюсери маъруфи рус, Иосиф Пригожин, мегӯяд, дар бораи ҳунари овозхонии Манижа назари хуб дорад, ҳарчанд, ба қавли ӯ, интихоби таронааш “нофаҳмо” буд. Пригожин дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав гуфт:

Иосиф Пригожин бо ҳамсараш Валерия
Иосиф Пригожин бо ҳамсараш Валерия

“Аз назари пешрафти ҳунарии ин духтар ба унвони як ҳунарманд – кори хубе шуд. Ин озмун барояш заминаи хубе барои оянда мешавад. Агар пурсед, ки оё ба одилона барпо шудани озмуни ниҳоӣ (дар Русия) бовар дорам ё на? На, бовар надорам. Ба пирӯзии ӯ бовар дорам? На, бовар надорам. Ман нисбат ба худи ӯ чизи баде гуфта наметавонам, аз кораш хушам меояд. Хуб аст, ки як ҳунарманд (-и касбӣ)-ро мефиристанд”.

Пригожин гуфт, дар озмунҳои солҳои гузашта бисёр шудааст, ки на ҳунармандони асил, балки шахсиятҳое бо симову шаклу тақдими ғайримаъмулӣ баранда шудаанд ва ин ба як тамоюли Eurovision табдил шудааст. Аз Пригожин пурсидем, ба ҳамлаҳо ба Манижа дар заминаи миллати ӯ ва арзанда буданаш ба унвони як тоҷик барои намояндагӣ аз Русия дар озмуни бонуфузи мусиқӣ чӣ назар дорад?

Ӯ гуфт: “Ман ба ҳама гуна шарҳҳои нажодпарастона назари бад дорам. Мефаҳмам, ки эҳсосоти миллигароёна хеле боло рафтаанд. Агар ӯ шаҳрванди Русия аст, ин як масъала мебошад, агар ӯ шаҳрванди Тоҷикистон, гапи дигар аст. Чунки дар асл Русияро бояд шаҳрвандони Русия муаррифӣ кунанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар Русия дигар шахси боистеъдод намондааст. Ман “агар” гуфтам. Ҷойи таваллуд ва миллати кас ҳеч фарқ надорад. Бубинед, духтаре бо решаҳои тоҷикӣ таронаи мардумии русиро фавқулода иҷро мекунад. Ин як пули фарҳангие миёни давлатҳо мебошад. Ман ба миллати одамон кор надорам, чӣ фарқ дорад, ки ӯ кист”.

Пригожин тахмин кард, ки мавҷи интиқод метавонад, бештар ба шубҳа дар шаффофияти даври ниҳоии озмун дар Русия рабт дошта бошад, ки тавассути Шабакаи аввал намоиш дода шуд. Ӯ мегӯяд, ингуна озмунҳо бояд аз оғоз то охир шаффоф гузаранд, вале дар ҳолати мазкур, “хеле зуд ҷамъ шуданду зуд натиҷагирӣ карданд. Ин чиз, бешубҳа, мояи норизоият мешавад”, -- афзуд ӯ.

Ба андешаи Иосиф Пригожин, ки ҳамсар ва продюсери овозхони маъруф Валерия мебошад, интихоби суруди Манижа “дуруст набуд” ва “шонси пирӯзӣ надорад”. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, дар озмуни Eurovision солҳои охир овозхонҳои зиёди “аҷибу ғариб аз Финляндияву Исроил ва кишварҳои дигар” баромад карданд, ки “фикр мекунӣ, аслан бо оинномаи Eurovision дар ихтилоф ҳастанд, чунки принсипи аслии озмун – таронаи беҳтарин аст”.

Ноҳид Зайналпур: Ба дигарон ҳеч монанд нест

Ноҳид Зайналпур
Ноҳид Зайналпур

Мусиқинавози тоҷики муқими Русия, Ноҳид Зайналпур, мегӯяд, бо эҷодиёти Манижа каме пештар ошно шуд ва аз ҳунарнамоиву суҳбатҳояш бо матбуот ӯро як шахси огоҳу пешрафта дарёфт.

Зайналпур мегӯяд, “фикрронии Манижа ӯро назар ба синну солаш бузургтар нишон медиҳад. Бисёр огоҳу бохирад аст. Дида мешавад, ки бисёр хуб таҳсил карда, на танҳо бо фарҳанги миллии худ, балки мардуми славянӣ хуб ошно мебошад. Бигзор дар осмони ҳунар боз як ситораи дигаре бо номи Манижа ҷилвагар бошад, ки ҳеч ба дигарон монанд нест.”

Даври имсолаи озмуни Eurovision дар Роттердами Ҳолланд аз 18 то 22-юми май баргузор мешавад ва Манижа Сангин дар таърихи ин озмун нахустин зодаи Тоҷикистон мешавад, ки дар он иштирок хоҳад кард.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG