Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский таронаи Манижаро дар бораи занони рус танқид кард


9-уми март Манижа дар Crocus City Hall консерти нақшавии худро барпо кард
9-уми март Манижа дар Crocus City Hall консерти нақшавии худро барпо кард

Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз таронаи “Зани рус”, ки Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон ба озмуни "Евровидение" интихоб кард, танқид намуд.

Владимир Жириновский дар суҳбат бо расонаҳои Русия рӯзи 9-уми март гуфтааст, «чунин таронае даркор нест». Эътирози Жириновский нисбат ба мисраест, ки дар он таъкид мешавад, “писар бе падар ва духтар бе падар аст”.

Зоҳиран овозхон бо ин мисраъҳо ба мушкили пошхӯрии оилаҳо дар Русия ишора мекунад, ки аксар фарзандон дар тарбияи модар ба воя мерасанд ва ҳама вазнинии рӯзгор ба дӯши занон меафтад.

Манижа Сангини 29-сола, овозхони тоҷики муқими шаҳри Маскав, рӯзи 8-уми март дар натиҷаи овоздиҳии тамошобинони шабакаи аввали Русия ғолиб шинохта шуд ва ҳамакнун дар сабқати таронаҳо дар «Евровидение» аз Русия намояндагӣ хоҳад кард.

Пирӯзии духтари тоҷики шаҳрванди Русия дар бахши миллии озмуни бонуфуз баҳси зиёде эҷод кард. Дар ҳоле ки бисёре аз ширкати ин овозхони боҳунару ғайримаъмулӣ ҷонибдорӣ кардаанд, иддае дигар бо ишора ба тоҷик будани Манижа бо натиҷаҳои озмун мухолифат доранд.

Дар миёни тарафдорони Манижа шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ҳам ҳастанд, ки пирӯзии ӯро як комёбии духтари муҳоҷири тоҷик дар Русия меноманд, ки афкори ҷамъиятиаш нисбат ба коргарони хориҷӣ бештар манфӣ мебошад.

«Евровидение» имсол моҳи май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир мешавад. Соли гузашта ин озмун бинобар пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

XS
SM
MD
LG