Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Словакия сифати Sputnik V саволи зиёд эҷод кард


Бастаҳои воксинаи Sputnik V ба фурудгоҳи Кошитсеи Словакия интиқол дода шуд
Бастаҳои воксинаи Sputnik V ба фурудгоҳи Кошитсеи Словакия интиқол дода шуд

Баъди он ки ниҳоди танзимкунандаи дорувор дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, воксинаи навъи Sputnik V, ки онро дар Словакия қабул кардаанд, аз оне, ки қаблан санҷида шуд, фарқ мекунад, пуштибонҳои воксинаи русӣ аз ин кишвар талаб карданд, ки ҳазорҳо воя воксинаро баргардонад. Баҳси атрофи сифати воксинаи Sputnik V миёни Братислава ва Маскав рӯзи 8-уми апрел доғтар шуд.

Словакияву Венгрия – ду давлати аврупоӣ қабл аз иҷозати Оҷонсии дорувори Аврупо (ЕМА) тасмим гирифтанд, ки воксинаи русии Sputnik V-ро харидорӣ кунанд. Чанд кишвари дигари аврупоӣ гуфтанд, ки мавзӯи харидории ин воксина дар баррасии ҷиддии онҳо қарор дорад. Словакия, ки 368 ҳазор олудашуда ва беш аз 10 ҳазор фавтида аз COVID-19 дорад, 200 ҳазор бастаи Sputnik V-ро харидорӣ кард. Пажӯҳишгоҳи давлатии назорат аз дорувори Словакия рӯзи 7-уми апрел гуфт, дар заминаи фоидаву хатарҳои воксинаи русӣ, асосан атрофи маълумоти носаҳҳеҳ аз ҷониби истеҳсолкунанда саволҳои зиёде эҷод шудааст ва феълан тасмимашон ин мешавад, ки аз тақсими воксина дар кишвар худдорӣ кунанд.

Ин сохтор инчунин рӯзи 8-уми апрел гуфт, ки вояҳои Sputnik V, ки онҳо аз назар гузарониданд, айни он воксинаҳое, ки аз ҷониби ЕМА ваё маҷаллаи тиббии бритониёии Lancet дида шуданд, нестанд. Рӯзи 8-уми апрел Бунёди сармояҳои мустақими Русия, ки як ташвиқгари истифодаи Sputnik V дар хориҷ аз Русия мебошад, аз Словакия хост, ки ин вояҳоро баргардонад. Ин ниҳод инчунин тақозо кард, ки як бахше аз воксинаҳои русӣ ба санҷиши дубора фиристода шаванд ва пажӯҳишгоҳи Словакияро дар “харобкорӣ” ва паҳн кардани “иттилои дурӯғин” айбдор кард.

XS
SM
MD
LG