Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден чораҳои назорат аз силоҳро шадидтар мекунад


Як фурӯшгоҳи силоҳ дар ИМА
Як фурӯшгоҳи силоҳ дар ИМА

Президент Ҷо Байден гуфт, ба хотири пешгирӣ аз хушунат бо истифода аз силоҳ дар ИМА тадбирҳои нав ҷорӣ мешаванд. Байдени демократ, ки аз солҳо пеш ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳ даъват кардааст, рӯзи 8-уми апрел дар канори муовини президент Камола Ҳаррис ва додситони кулл Мерик Гарланд гуфт, “мо имрӯз на танҳо барои чораҷӯӣ алайҳи бӯҳрони силоҳ, балки дар асл бӯҳрони сиҳҳатии ҷамъиятӣ ҷамъ шудаем”. Ҳангоме, ки ӯ дар як боғи Кохи Сафед сӯҳбат мекард, дар миёни ширкатдорони ин ҷамъомад наздикони қурбониёни хушунатҳое, ки бо истифода аз силоҳ рух додаанд, қарор доштанд.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳамлаи ахири мусаллаҳона дар Каролинаи Ҷанубӣ, панҷ нафар, аз ҷумла, як табиб, ҳамсар ва ду набераи хурдсолашон кушта шуданд. Моҳи март дар Колорадо ва Ҷорҷиа кушторҳо бо истифода аз силоҳ ҷони 18 нафарро гирифт. Мақомот гуфтанд, ки шахси гумонбар дар ташкили куштори Каролинаи Ҷанубӣ як бозигари футболи лигаи миллӣ Филлип Адамс буд, ки баъдан ҷасадаш дар хонаи волидон бо тир дар сар ошкор шуд. Мақомот гуфтанд, ки сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Назорат аз силоҳ дар ИМА масъалаест, ки ҷомеаро ду тақсим кардааст. Дар ҳоле, ки солҳои зиёд кушторҳои гурӯҳӣ дар мактаб ва дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ бисёриҳоро нигарон кардааст, ҳуқуқи доштани силоҳро моддаи дуюми конститутсияи ИМА иҷоза медиҳад ва тарафдорони доштани силоҳ инро ҳақи конститутсионии худ медонанд.

XS
SM
MD
LG