Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ҷавони 22-сола барои "суҳбати ошиқона" бо зани муҳоҷири роҳдур. САДО


Бахтиёр Холов
Бахтиёр Холов

Аъзои як оила дар шаҳри Панҷакент иддао доранд, ки хешовандони зане барои гуё муносибатҳои ошиқона, писари 22-солаи онҳо – Бахтиёр Холовро задаанд ва ӯ дар бемористон фавтидааст.

Талошҳои мо барои гирифтани назари зан то ин дам бенатиҷа буд. Баъзе аз пайвандонаш нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Як шахси огоҳ аз қазия мегӯяд, зан соҳиби шавҳару як кӯдак аст ва хешовандон пас аз фаҳмидани гуфтугӯҳои телефонии ӯ, ҷавонро латукӯб карданд.

Ҳодиса охири моҳи феврали имсол рух дода, як нафар дастгир шудааст.

"Омода будам, бо писарам оиладор кунам"

Садриддин Холов, сокини деҳаи Чорбоғи Панҷакент ва падари ҷавони фавтида, мегӯяд, то замони марги писари ягонааш аз муносибати ошиқонаи ӯ бо зани соҳиби оила хабар надошт.

Бахтиёр Холов
Бахтиёр Холов

"Дар ҳар сурат, омода будам, дар ҳолати ронда шудани зан бо як фарзандаш, ӯро бо писарам оиладор кунам", -- гуфт ӯ рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба нақли Холов, писараш се рӯз дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон буд ва сипас даргузашт: "Рӯзи 28-уми феврал ба ман занг зада гуфтанд, ки писаратро аз хонаи мо бар. Замоне расидам, писарам беҳуш дар миёни хона хобида буд. Дар онҷо чанд марду зан буданд ва ба ман низ ҳамла карданд."

Як нафар боздошт шудааст

Муфаттишони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент дар робита ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, вале ҳанӯз таҳқиқ ба поён нарасидааст.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ШКД-и Панҷакент бе зикри ном рӯзи 7-уми апрел гуфт, падари зани ҷавон бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) муттаҳам аст ва ҳоло дар боздошт аст.

Пайвандони ҷавони фавтида аз мақомоти интизомӣ талаб доранд, ки қазияро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд ва, ба гуфтаи онҳо, “омилони дигар”-и марги писарашонро низ ба ҷавобгарӣ кашанд. Онҳо бовар доранд, дар ин ҳодиса на як нафар, балки чанд нафар даст доранд.

Бахтиёри 22-соларо задаанд, ӯ дар шифохона даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

"Суҳбати телефонӣ"

Агар ҳамон марди муҳоҷир дар як моҳ як бор ба ҳамсараш занг зада, бо лаҳни хуб гӯяд, ки “дӯстат медорам”, ҳамсараш ҳеч гоҳ ба хиёнат даст намезанад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Хешовандони зан ва хонаводаи шавҳари ӯ дар бораи ин ҳодиса суҳбат накарданд.

Танҳо як нафари огоҳ аз қазия гуфт, "шавҳари А.Э., зани 23-сола, дар Русия аст ва ӯ бо як фарзанд ҳамроҳи волидони шавҳараш зиндагӣ мекунад. Вақте мефаҳманд, келини хонадон бо ин ҷавон суҳбати телефонӣ дорад, ӯро даъват карда, барои ин кораш “ҷазо” медиҳанд. Падару модари занро низ даъват мекунанд ва ҳодиса дар шоҳидии онҳо рух медиҳад."

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, қонунҳои Тоҷикистон муҳокимаву муҷозоти худсаронаро иҷозат намедиҳанд ва танҳо ниҳодҳои дахлдор ҳақ доранд, ба дурустиву нодурустии аъмоли шаҳрвандон баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, аз нуқтаи назари одобу ахлоқ, чунин ҳодисаҳо дар ҷомеа "обрӯрезанда" аст, вале дар қонунгузории кишвар "моддаи хиёнат ба оила" вуҷуд надорад.

Як пайомади муҳоҷирати тӯлонӣ?

Бори аввал нест, ки хабару наворҳои боздошт ва муҳокимаи худсаронаи баъзе аз занону мардон барои муносибатҳои ошиқона расонаӣ мешавад. Дар наворҳое, ки то кунун ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, асосан занонро барои хиёнат ба шавҳарони муҳоҷирашон маломат мекунанд.

Ба қавли коршиносон, муҳоҷирати корӣ агар барои беҳбуди сатҳи зиндагии ҳазорон оила дар Тоҷикистон мусоидат кардааст, ҳамзамон сабаби азҳампошии даҳҳо ва шояд садҳо хонавода ва содир шудани даҳҳо ҷиноят дар заминаи рашку нобоварӣ низ гардидааст.

Раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар як суҳбаташ бо хабарнигорон ин вазъро ба бемеҳрии мардон нисбат ба ҳамсаронашон рабт дода буд: "Агар ҳамон марди муҳоҷир дар як моҳ як бор ба ҳамсараш занг зада, бо лаҳни хуб гӯяд, ки “дӯстат медорам”, ҳамсараш ҳеч гоҳ ба хиёнат даст намезанад."

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, раиси маркази назарсанҷии “Шарқ”, мегӯяд, муҳоҷирати тӯлонӣ яке аз сабабҳо буда метавонад, вале намешавад ҳамаи мавридҳоро ба таври оммавӣ ба ин падида рабт дод.

Ӯ афзуд: “Чунин ҳодисаҳо дар хонаводаҳое, ки зиндагии маъмулӣ ва бидуни муҳоҷират доранд, низ вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар, агар зане, ки пурра пойбанди оила шудааст, вале ҳуқуқаш поймол мешавад, ӯ низ бояд чӣ кор кунад?"

Пизишкон чӣ мегӯянд?

Дар ҳамин ҳол, табибон мегӯянд, наздикии ҷинсӣ як талаботи ҷисмии зану мард аст ва илм исбот кардааст, ки шахсони аз 25 то 35-сола ҳафтае на камтар аз 3 бор бояд қаробати ҷинсӣ дошта бошанд. Танаффус дар ин амал барои чунин афрод, ба ақидаи яке аз пизишкони занона, "набояд аз 5 то 6 моҳ бештар шавад."

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "ҳамсарони муҳоҷирон бо машаққати зиёд талош мекунанд, ба чунин фосилаи тӯлонӣ тоб оваранд, аммо на ҳамаи онҳо иродаи қавӣ доранд. Ба ғайр аз наздикии ҷисмӣ, онҳо ҳамчунин ба ҳимояти равонӣ ва маънавӣ ниёз доранд, то бар танҳоӣ ва ғуссаҳои хеш пирӯз гарданд."

Вале гурӯҳи дигар ба ин андешаанд, ки занон ҳам ҳуқуқи маънавии талаби таваҷҷӯҳ аз ҳамсарони муҳоҷири худро доранд. Дар акси ҳол, ҳақ доранд, талоқ бигиранд ва дунболи зиндагии худ бираванд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон духтарон ва ҷавонон аксаран аввалин таҷрибаҳои робитаи ҷинсиро баъд аз издивоҷ мегиранд. Дар мактабҳо ба ин мавзуъҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва муаллимон суҳбат дар бораи иртиботи ҷинсиро мухолиф ба урфу анъанаҳо медонанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли баъзе аз ҳамсҳбатони мо, “гоҳе ишқ ҳадду сарҳад ва расму оинҳоро намешиносад ва гоҳе дигар ҷавонон барои расидан ба висоли ҳам худро қурбон мекунанд”.

XS
SM
MD
LG