Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19: Бишкек ба минтақаи "сурх" шомил шуд


Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Ба далели болоравии теъдоди гирифторон ба COVID-19, шаҳри Бишкеки Қирғизистонро шомили минтақаи "сурх" карданд.

Вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар аз сокинон даъват кард, ки ба овозаҳо дар бораи он ки гӯё "мубталошудаҳои коронавирус метавонанд, ваксина нагиранд, бовар накунанд".

Зуриддин Нурматов, як масъули Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон гуфт, ба далели афзоиши шумораи гирифторон шаҳри Бишкек шомили минтақаи "сурх" шудааст.

"Бишкек се рӯз аст, ки дар минтақаи "сурх" шомил шудааст. Вилояти Чуй шомили минтақаи "зард" аст. Вазъ дар вилоятҳои дигар муътадил арзёбӣ мешавад", - гуфт Нурматов.

Рӯзи 5 апрел вазорати ҳифзи тандурустии он кишвар хабар дод, ки дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй катҳои иловагӣ барои гирифторони коронавирус омода мекунад.

Олимқодир Бейшеналиев, вазири ҳифзи тандурустии он кишвар гуфт, мавҷи севуми коронавирус мумкин аст, дар Қирғизистон ба моҳҳои май-июн рост ояд.

Танҳо дар рӯзи 5-уми апрел дар Қирғизистон 139 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва 1 ҳолати марг аз он сабт шудааст.

Дар Қирғизистон рӯзи 29-уми март марҳилаи аввали ваксиназании умумӣ шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG