Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнагарони интернетӣ ба иттилои шахсии 500 млн корбари Facebook даст ёфтанд


Нишонаи шабакаи Фейсбук.
Нишонаи шабакаи Фейсбук.

Иттилои шахсии 500 миллион корбари "Facebook" дар як саҳифаи марбут ба рахнагарони интернетӣ нашр шудааст. Расонаҳо менависанд, ин 500 миллион корбар аз бештар аз 100 кишвар ҳастанд.

Иттилои шахсие, ки рахнагарон ба он даст ёфтаанд, аз шумораҳои телефон, маълумоти биологӣ, суроғаи электронӣ иборат аст.

32 миллион маълумоти шахсии корбарон ба шаҳрвандони ИМА, 11 миллион ба Бритониё, 6 миллион ба Ҳинд ва ғайра марбут аст.

Маъмурияти "Facebook" ба ин хабар то кунун вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG