Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати калони русӣ духтараки 6-соларо ба додгоҳ кашидааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Як ширкати энергетикии Русия як духтари 6-соларо ба додгоҳ додааст, то 26 ҳазор рубл пули барқро аз ӯ биситонад.

Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ “Ширкати барқу гармидиҳии Сибир” дар шаҳри Новосибирск аз он сабаб духтари ноболиғро ба додгоҳ кашидааст, ки меросбари як хонаест, ки пас аз марги модар ба номи ӯ гузаштааст.

Модари ӯ соли 2016 ба сабаби аворизи ҷонибии сармохӯрдагӣ фавтидааст ва қарзи зиёди нерӯи барқ гармиро ҳам ба ӯ "мерос" гузоштааст. Тағои духтарак ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки хонавода пули вакили додгоҳро надоранд, то аз ӯ ҳимоят кунад.

Ба навиштаи ин расонаҳо рӯзи 2-уми апрел додгоҳ ба ин натиҷа расидааст, ки ба ҷойи духтарак падари ӯ бояд ҷавобгар шавад, ҳарчанд меросбари хона нест ва ҳаққе ба он надорад.

XS
SM
MD
LG