Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиаҳди собиқи шоҳи Урдӯнро дастгир кардаанд


Ҳамза бин Ҳусейн як замони валиаҳд ва ё вориси Шоҳ Абдулло буд.
Ҳамза бин Ҳусейн як замони валиаҳд ва ё вориси Шоҳ Абдулло буд.

Артиши Урдун рӯзи 3-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, бародарандари шоҳи ин кишвар Абдулло ва валиаҳди собиқи ӯ бояд аз амалкардҳое даст кашад, ки ба “суботу амният” дар кишвар халал мерасонанд.

Шоҳзода Ҳамза бин Ҳусейнро мақомоти амниятӣ бо чанд нафар аз мақомоти собиқи Урдун дастгир кардаанд. Юсуф ал-Ҳунайтӣ, фармондеҳи артиш гуфт, ба Ҳамза бин Ҳусейн фармудаанд, ки “фаъолиятҳоеро бас кунад, ки барои ҳадаф гирифтани суботу амнияти Урдӯн истифода мешаванд.” Ӯ доир ба ин фаъолиятҳо чизе нагуфтааст.

Ҳамзаи 41-сола то соли 2004 валиаҳди шоҳи Урдӯн буд, вале Шоҳ Абдулло дар он сол писари худашро вориси тахт эълон кард. Шоҳзода Ҳамза дар як видеое, ки ба Телевизиони Би Би Си фиристодааст, мегӯяд, фармондеҳи артиш ба ӯ амр додааст, бо касе суҳбат ва мулоқот накунад.

Шоҳзода Ҳамза дар видео мегӯяд, ӯро гӯё барои он танбеҳ додаанд, ки дар мулоқотҳое ширкат кардааст, ки онҷо шоҳи кишварро танқид мекарданд. Урдӯн яке аз шарикони муҳими Амрико дар ҷанг ба зидди гуруҳи ба ном Давлати исломӣ аст. Амрикову дигар кишварҳои арабӣ ба ҳимояти худ аз Шоҳ Абдулло таъкид кардаанд.

XS
SM
MD
LG