Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико таҳримот бар зидди муфаттишони байналмилалиро бардошт


Энтони Блинкен гуфт, Амрико тарафдори муколама барои ҳалли масоил аст.
Энтони Блинкен гуфт, Амрико тарафдори муколама барои ҳалли масоил аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳримот ба зидди чанде аз мақомоти баландпояи Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалиро бардошт ва аз ҷумла таҳримот ба зидди як додситонеро, ки ба зидди сарбозони амрикоӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 2-уми апрел дар як баёнияи расмӣ гуфт, вазорат ба ин қарор омад, ки таҳримот “номуносиб ва бесамар” будаанд.

Таҳримотро соли гузашта Майк Помпео, вазири собиқи умури хориҷӣ ба зидди додситон Фату Бенсуда ва дигар кормандони додгоҳ ҷорӣ кард. Помпео Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалиро, ки иҷоза дод, парванда бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ аз тарафи неруҳои Афғонистон, Толибон ва сарбозони Амрико таҳқиқ шавад, ба дахолат ба халалдор кардани истиқлолияти Иёлоти Муттаҳида муттаҳам кард.

Додгоҳ ҳамчунин бо боз кардани парванда бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангии Исроил дар қаламравҳои Фаластиён Амрикоро асабонӣ кард. Энтони Блинкен гуфт, бо вуҷуди бардоштани таҳримот, Иёлоти Муттаҳида амалкардҳои Додгоҳи Ҷиноятҳои Байналмилалӣ дар робита бо Афғонистону қаламравҳои фаластиниёнро қабул надорад ва мухолифи талошҳои он барои иҷрои муқаррароти худ дар Амрико ва Исроил аст. Ин ду кишвар узви додгоҳи мазкур нестанд. Айни замон ба гуфтаи ӯ, Амрико тарафдори ҳалли масоил аз тариқи ҳамкорӣ ва муколама аст.

XS
SM
MD
LG