Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон: дар моҳҳои апрел-июн эҳтимол то 250 ҳазор кас мубталои коронавирус шавад


Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон
Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон

Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон се пешомади вазъи беҳдоштии кишварашро номбар кард.

Тсой гуфт, аз рӯи "сенарияи бадтарин" дар моҳҳои апрел-июн дар он кишвар то 370 ҳазор кас ба коронавирус мубтало ва 190 ҳазор кас бистарӣ хоҳад шуд.

Аммо ба гуфтаи вазир, аз рӯи "сенарияи воқеӣ" дар се моҳи оянда дар Қазоқистон мумкин аст, то 250 ҳазор кас мубталои коронавирус ва 127 ҳазор кас аз ин шумор дар беморхона бистарӣ шавад.

Аз рӯи "сенарияи хушбинона" дар моҳҳои апрел-июн мумкин аст, 140 ҳазор кас мубтало ва 71 ҳазор кас аз ин шумор бистарӣ шавад.

Тсой гуфт, низоми ҳифзи тандурустии кишвараш аз уҳдаи бартарафсозии "сенарияи воқеъбинона" мебарояд.

Дар Қазоқистон воксинзании зидди вабои коронавирус моҳи феврал шуруъ шуд. Дар ду моҳ, ба иттилои мақомоти он кишвар, 173 ҳазор кас воксин гирифтааст. Коршиносон ва ҳам вакилони порлумони он кишвар аз суръати кунди воксинзанӣ дар Қазоқистон интиқод доранд. Вазорати ҳифзи тандурустӣ аз камбуди воксин шикоят мекунад.

Дар рӯзҳои охир дар Қазоқистон ҳамарӯза то 1,5 ҳазор ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Қазоқистон ба "минтақаи сурх" шомил шудааст. Дар шаҳрҳову минтақаҳои қобили аҳамияти он кишвар карантин дубора баргардонида шудааст.

Ба иттило расмӣ, аз ибтидои вабои коронавирус дар Қазоқистон зиёда аз 300 ҳазор сокини он кишвар ба ин вабо гирифтор ва наздики 3,7 ҳазор кас фавтидааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, оморҳои воқеӣ ба маротиб бештар аз оморҳои расмӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG