Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи СММ аз эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Мянмар ҳушдор дод


Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад
Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Мянмар ба Шӯрои Амният гуфт, ин кишвар бо эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯст. Вай афзуд, дар ҳоле ки артиш саркӯби норозиёнро сахттар мекунад, "хунрезӣ ногузир аст".

Дар як ҷаласаи паси дарҳои баста рӯзи 31-уми март Кристин Шранер-Бургенер аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, барои пешгирӣ аз фоҷеа иқдом кунанд, аммо дақиқ нагуфт, ки чӣ корро анҷом диҳанд.

Мянмар ё Бирма аз моҳи феврали имсол шоҳиди тазоҳуроти густарда аст. Аз он замоне ки артиш бо иттиҳоми тақаллуб дар интихобот қудратро дар ин кишвар ишғол кард ва раҳбари мулкӣ Аун Сан Суҷиро барканор намуд. Норозиён бозгашт ба демократияро талаб доранд.

Аммо тазоҳуроти эътирозгарон бо саркӯби шадид дучор шуд. Ба қавли гурӯҳҳои нозир, дар ин ҳодисаҳо камаш 500 нафар кушта шудаанд.

Танқидҳои байнулмилалӣ ва таҳримҳои Ғарб то ба ҳол натавонистаанд, вазъро ба ҳолати одӣ баргардонанд.

Мумкин аст, хунрезӣ ва ноамнӣ ба тақрибан 20 гурӯҳи мусаллаҳ дар Бирма, ки қаламравҳоеро аксаран дар минтақаҳои наздимарзӣ назорат мекунанд ва даҳсолаҳо боз бо артиш мубориза мебаранд, таъсир гузорад.

"Мухолифати гурӯҳҳои мусаллаҳи қавмӣ ба бераҳмии низомиён... имкони ҷанги шаҳрвандиро дар миқёси бесобиқа меафзояд", -- ҳушдор додааст Кристин Шранер-Бургенер.

XS
SM
MD
LG