Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо эъломи хатари ҷанг, ба марзҳои Украина неру фиристод


Донбасс, Украина.
Донбасс, Украина.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки Кремл аз "афзоиши шиддат" дар Донбасс нигарон аст.

"Ҷониби Украина мумкин аст, бо роҳандозии иғво ҷанге шуруъ кунад. Албатта, мо намехоҳем, ки чунин шавад", - гуфт Песков.

Руслан Хомчак, фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Украина хабар дода буд, ки Русия ба марзҳои Украина чаҳор ҳазор неруи иловагии низомӣ ва техникаи низомӣ интиқол додааст.

Рӯзи 26 март дар вилояти Донестк дар натиҷаи оташкушоии ҷудоихоҳони рӯ ба Русия чаҳор низомии Украина кушта шуд.

Низоми мусаллаҳона дар Донбасс баҳори соли 2014, баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия шуруъ шуд. Дар тамоми муддати чанг дар Донбасс аз панҷ то 10 ҳазор кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG