Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот манзили блогери латукӯбшударо дар Тошканд бозҷӯӣ карданд


Миразиз Бозоров, блогери узбекистонӣ.
Миразиз Бозоров, блогери узбекистонӣ.

Мақомоти қудратии Узбекистон рӯзи 30-юми март манзили блогери латту кӯбшуда Миразиз Бозоровро бозҷӯӣ карданд. Мақомот бидуни тартиб додани санад, ҳуҷҷатҳо ва компютери Бозоровро бо худ бурдаанд.

Ҳамчунин манзили модари Бозоров бозҷӯӣ шудааст. Кормандони вазорати корҳои дохилӣ дастгоҳи аккосиву наворбардорӣ ва телефонҳои куҳнаи Бозоров, инчунин компютери модари ӯро бурдаанд. Аммо ин бор санад тартиб додаанд.

Аз рӯи ҳодисаи латукӯби Бозоров бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шудааст. Дӯстони блогер гуфтанд, онҳо ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ мешаванд.

Миразиз Бозоров шоми 28-уми март аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуд. Дар натиҷаи ин латту кӯб пойи чапи вай шикаста ва чанд захми дигар бардошт. Блогер барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Узбекистон садо баланд мекард ва эҳтимолан сабаби латту кӯб шуданаш низ ҳамин будааст.

XS
SM
MD
LG