Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд духтари 15-соларо аз худкушӣ наҷот доданд


Дарёи Сир аз маркази шаҳри Хуҷанд мегузарад
Дарёи Сир аз маркази шаҳри Хуҷанд мегузарад

Маъмурони наҷот дар шаҳри Хуҷанд аз худкушии як ноболиғ пешгирӣ кардаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, духтари 15-сола рӯзи 29-уми март худро ба дарёи Сир афканда, мехост, риштаи ҳаёти худро барканад.

Наҷотдиҳандаҳо тавонистаанд, ноболиғро аз дарё берун оварда, то расидани мошини Ёрии таъҷилӣ ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонанд. Баъдан духтарро ба бемористон бурдаанд.

Масъулони Кумита гуфтанд, сабаби қасд ба ҷони худ кардани наврас маълум нест. Тафтишот дар ин замина идома дорад.

Дар зимн, тӯли ҳафтаҳои охир бори чандум аст, ки шоҳидон ва ё имдодгарон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон духтаронеро, ки бо ҳадафи худкушӣ худро ба дарё мепартоянд, наҷот медиҳанд.

XS
SM
MD
LG