Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба зидди "мунтақидон"-аш таҳрим ҷорӣ кард. Амрикову Канада розӣ нестанд


Парчами Чину Амрико
Парчами Чину Амрико

Ҳукумати Чин ба зидди ду амрикоӣ, як канадагӣ ва як гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар таҳрим ҷорӣ кардааст. Онҳо чанде қабл аз бархурди Чин бо уйғурҳо дар минтақаи Шинҷон танқид карда буданд.

Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфтааст, иқдоми Чин танҳо таваҷҷӯҳро ба он чи ӯ "наслкушӣ" ва нақзи ҳуқуқи уйғурҳову гурӯҳҳои дигари мусулмон дар Шинҷон хонд, ҷалб хоҳад кард.

Иқдоми Чин пас аз он сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва Канадаву Иёлоти Муттаҳида алайҳи чандин узви гурӯҳҳои сиёсӣ ва иқтисодии Шинҷон ба далели нақзи ҳуқуқи башар таҳрим ҷорӣ карданд.

Ҳоло ду узви Кумисюни Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, як узви порлумони Канада ва як кумитаи порлумонии он кишвар дар бахши ҳуқуқи башар ҳадафи таҳримҳои Чин қарор гирифтаанд.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, иқдоми Чинро "ҳамла ба озодии баёну шаффофият" хонд.

XS
SM
MD
LG