Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маркази Фаронса маҳаллеро ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузоштанд


Ба хотири Аҳмадшоҳи Масъуд дар маркази Фаронса лавҳи ёдгорӣ гузоштанд
Ба хотири Аҳмадшоҳи Масъуд дар маркази Фаронса лавҳи ёдгорӣ гузоштанд

Дар шаҳри Париж (Порис), пойтахти Фаронса, маҳаллеро расман ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи пешин ва қаҳрамони миллии Афғонистон, гузошта, лавҳи ёдгорӣ насб карданд.

Дар ин маросим, ки рӯзи 27-уми март сурат гирифт, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон; Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ; Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ва теъдоде аз мансабдорони Порис иштирок доштанд.

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, аз иқдоми мақомҳои Фаронса дар Твиттер сипосгузорӣ кард ва гуфт, ин номгузорӣ баробар бо бистумини солгарди сафари падараш ба Фаронса аст. Ба қавли ӯ, хонаводаву кишвараш ин арҷгузории Фаронсаро фаромӯш нахоҳанд кард.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар моҳи сентябри соли 2001 дар як ҳамлаи террористӣ дар Кобул кушта шуд. Дар Афғонистон ба ӯ унвони Қаҳрамони миллӣ додаанд.

Дар Тоҷикистон низ Аҳмадшоҳи Масъуд аз нуфузу эҳтироми зиёд бархурдор аст. Дар солҳои қабл як гурӯҳ аз ҷавонон ва низ фарҳангиёни кишвар аз мақомот хоста буданд, яке аз кӯчаҳои Душанберо ба номи ӯ бигузоранд.

Аҳмадшоҳ Масъуд дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон дар шаҳри Душанбе манзил дошт ва гоҳ-гоҳе бо хонаводааш дар он зиндагӣ мекард. Дар гузашта ин пешниҳод садо дода буд, ки ин манзил ба хона-музейи ӯ табдил дода шавад. Пешниҳоде, ки бо сабабҳои номаълум ҳанӯз амалӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG