Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон пас аз хабарҳои "вазъи саломатии ӯ" бо сафари корӣ ба Хатлон рафтааст. АКС


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми боздидаш аз вилояти Хатлон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми боздидаш аз вилояти Хатлон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 24-уми март ва дар пасманзари хабарҳо дар бораи "вазъи саломатии ӯ" ба вилояти Хатлон рафтааст. Мақомот гуфтанд, ин сафарӣ корист ва ҳадафаш "ошноӣ бо вазъи мардум ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлол" аст.

Акс аз хадамоти матбуоти президент
Акс аз хадамоти матбуоти президент

Ба иттилои хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, президент Раҳмон дар нимаи аввали рӯз дар маросими ифтитоҳи Коллеҷи тиббии инноватсионӣ, Корхонаи истеҳсоли шифер ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроби ширкати "Сомони Расул" дар шаҳри Бохтар иштирок кардааст.

Тибқи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар аз баъзе ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон боздид кунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон дар пасманзари хабарҳо дар бораи "вазъи саломатӣ"-и ӯ сурат мегирад. Бархилофи хабари расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба вилояти Хатлон сафар накард.

Баргузор нашудани сафари президенти Тоҷикистон дар рӯзи эълоншудаи 22-юми март таваҷҷуҳро ба хабарҳои "Твиттер" ва як сомонаи англисизабон ҷалб карданд, ки гуфтаанд, президент Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми март ба ин сӯ дар мазҳари ом дида нашудааст ва вазифаҳои ӯро писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Аз ҷумла сомонаи bne.intellinews навишт, дар ҷомеа намоён набудани Эмомалӣ Раҳмон "овозаҳои гурезнопазиреро дар бораи саломатии раҳбари 68-сола ба миён овардааст". Аз сӯйи дигар муҳаррири бахши Осиёи Марказӣ дар сомонаи Eurasianet Питер Леонард рӯзи 18-уми март дар Twitter навишт, аз 5-уми март ба ин сӯ Хадамоти матбуотии Раҳмон аксҳои нави ӯро мунташир накардааст.

Аммо сухангӯйи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, саломатии президент Раҳмон хуб аст ва ҳамаи аксҳои нашркардаи хадамот наванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ба ин тараф идораи Тоҷикистонро дар даст дорад ва барои тамдиди қудрат борҳо Конститутсияи Тоҷикистонро иваз кардааст. Мухолифон ӯро ба инҳисори қудрат, саркӯби дигарандешон, маҳдудияти озодии баёну эътиқод ва иқтисоди заифу бекории афзун танқид мекунанд, аммо ҷонибдоронаш субот дар кишвар ва бунёди роҳҳову нирӯгоҳҳоро аз дастовардҳои ӯ медонанд.

XS
SM
MD
LG