Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои ИМА дар Афғонистон бо президент Ғанӣ мулоқот кард


Мулоқоти вазири дифои ИМА Ллойд Остин, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва ҳайатҳои ҳарду ҷониб. 21-уми март, Кобул
Мулоқоти вазири дифои ИМА Ллойд Остин, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва ҳайатҳои ҳарду ҷониб. 21-уми март, Кобул

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин рӯзи 21-уми март бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд. Ин сафар чанд ҳафта пеш аз он сурат мегирад, ки мӯҳлати тарки Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоӣ фаро мерасад. Сухангӯи президенти Афғонистон Давохон Минапал дар сӯҳбат бо Радиои “Афғонистон озод” гуфт, ки Остин ва раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ ва аз афзоиши хушунатҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд. Остин нахустин мақоми баландпояи маъмурияти нави Вашингтон шуд, ки ба Афғонистон сафар мекунад.

Нашрияи Washington Post навишт, ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигороне, ки ҳамроҳаш сафар карданд, гуфтааст, мақомоти баландпоя дар Амрико мехоҳанд, ки шоҳиди “хатми бомасъулияти низоъ дар Афғонистон” ва “гузариш ба як ҳолати нав”-е шаванд. Остин афзуд, ки барои “хатми бомасъулият ва бомашварати ҷанг нирӯи зиёд равона шудааст”. Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Ҷо Байден дар як изҳороти телевизиониаш гуфт, ки иҷро кардани ӯҳдадории хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон то 1-уми май “бисёр сахт” хоҳад буд.

Шарти берун рафтани 2500 низомии амрикоӣ аз хоки Афғонистон як бахши муҳими созиши миёни маъмурияти президенти собиқ Доналд Трамп ва Толибон аст, ки 29-уми феврали соли 2020 имзо шуда буд.

XS
SM
MD
LG