Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин мурофиаи додгоҳии дипломати пешини Канада шурӯъ мешавад


Майкл Ковриг аз соли 2018 дар боздошти мақомоти чинӣ қарор дорад
Майкл Ковриг аз соли 2018 дар боздошти мақомоти чинӣ қарор дорад

Дар Чин рӯзи 22-юми март мурофиаи додгоҳии як дипломати собиқи Канада аз рӯи иттиҳоми “ҷосусӣ” шурӯъ мешавад. Ин қазия муносибатҳои Оттава ва Пекинро пуртаниш кардааст. Додгоҳ дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки дар як мурофиаи пушти дарҳои баста муҳокимаи парвандаи як соҳибкори канадаӣ Майкл Спаров ба анҷом расид, ки чанде баъди Ковриг дар моҳи декабри соли 2018 боздошт шуда буд. Боздоштҳое, ки ду сол пеш сурат гирифт, ҳамчун интиқоми сиёсии Чин аз боздошти раҳбари молии ширкати фаннии Huawei Мен Ванжоу дар Канада арзёбӣ мешавад. Ӯ моҳи декабри соли 2018 дастгир ва дар ҷосусии саноатӣ гумонбар дониста шуд. Ба мурофиаҳои додгоҳие, ки дар Чин мегузаранд, бо далелҳои амниятӣ касе аз дипломатҳои ғарбӣ роҳ дода нашуд.

Дар берун аз мурофиаи додгоҳӣ Ҷим Никел, муовини раиси ҳайати сафорати Канада дар Пекин гуфт, ки 26 кишвар, аз ҷумла, ИМА, Бритониё, Австралия ва бисёр давлатҳои аврупоӣ ба нишони пуштибониву ҳамраъйӣ ба унвонии онҳо нома фиристоданд. Никел ба журналистон гуфт, “Майкл Ковриг инак ду сол аст, ки дар боздошт мемонад. Ӯро худсарона боздошт карда акнун мо мебинем, ки мурофиааш ҳам ношаффоф мегузарад”.

Рӯзи 19 март нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳам Чинро барои он интиқод кард, ки мурофиаҳои ду шаҳрванди ин кишварро “дар шароити махфӣ ва бидуни шаффофият ва дастрасии онҳо ба мақомоти канадаӣ” баргузор мекунад. Ӯ гуфт, “набуди шаффофият комилан ғайри қобили қабул аст”. Трюдо гуфт, “барои мо озод кардани ин нафарон дар авлавияти кор қарор дорад”.

XS
SM
MD
LG