Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ки "қотил" Путин барои дахолат ба интихоботи Амрико “ҷавоб хоҳад дод"


Ҷо Байден, Владимир Путин
Ҷо Байден, Владимир Путин

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден мегӯяд, ҳамтои руси ӯ Владимир Путин як "қотил" аст, ки рӯҳ надорад ва ба зудӣ барои талоши дахолат кардан ба интихоботи президентии моҳи ноябри ИМА "ҷавоб хоҳад дод".

"Вай нархи ин корро ҳоҳад пардохт", -- гуфт Байден дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ABC News, ки рӯзи 17-уми март пахш шуд. Вақте мусоҳиб Ҷорҷ Стефанопулас аз ӯ пурсид, чӣ нархе, Байден посух дод: "Ба зудӣ хоҳед дид."

Мусоҳибаи фарогир ҳамагӣ чанд соат пас аз гузориши нашркардаи Хадамоти миллии иктишофии ИМА пахш шуд, ки дар он гуфта мешавад, Путин «ба як қатор ниҳодҳои ҳукумати Русия салоҳият дод, ба таъсиррасониҳое даст зананд, ки ба беобрӯ кардани номзадии президент Байден ва Ҳизби Демократ равона шуда, президенти собиқ [Доналд] Трампро дастгирӣ кунанд, бовари оммаро ба раванди интихобот коҳиш диҳанд ва ба афзоиши зиддиятҳои иҷтимоию сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида мусоидат намоянд”.

Байден, ки таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи сиёсӣ дорад, гуфт, дар тӯли ин солҳо Путинро "нисбатан хуб" шинохтааст ва бар ин аст, ки Путин рӯҳ надорад. Дар посух ба ин суол, ки оё вай Путинро қотил меҳисобад, Байден ба ABC гуфт: "Ммм... ҳмм, меҳисобам."

Кремл рӯзи 17-уми март нукоти гузориши Хадамоти миллии иктишофии Иёлоти Муттаҳидаро рад кард ва гуфт, ки онҳо "мутлақан беасосанд". Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, ки Русия ба интихобот "дахолат накардааст" ва "дар ҳеч маъракаи зидди ягон номзад ширкат наварзидааст".

XS
SM
MD
LG