Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБУ гуфт, аз як ҳамлаи азими рахнагарони рус ҷилавгирӣ кард


Хадамоти амнияти давлатии Украина (СБУ) гуфт, ки рӯзи 16-уми март аз як ҳамлаи азими рахнагарони рус болои иттилои махфии давлатӣ ҷилавгирӣ намуд. СБУ гуфт, ҳадафи рахнагарон “дастрасӣ ба иттилои фавқулодда сиррии давлатӣ” буд. СБУ Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ-ро дар он гунаҳгор кард, ки ин ҳамларо ташкил кардааст.

Дар гузашта ҳам Киев Маскавро барои ташкили ҳамлаҳои азими интернетӣ ҳамчун бахше аз “ҷанги гибрид”-и зидди Украина айбдор карда буд, вале Русия ин иттиҳомро рад мекунад. ФСБ то ҳол ба иттиҳомоти ахир посух надодааст.

XS
SM
MD
LG