Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини низомиёни Русия барои аз байн бурдани гуруҳи террористӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ёфтан ва аз байн бурдани як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро машқ кардаанд.

Хабаргузории РИА Новости рӯзи 14-уми март иттилоъ дод, ки тамрин дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва бо ҳузури беш аз 500 кас баргузор шуд.

Як мусоҳиби хабаргузорӣ гуфтааст, тибқи барномаи размоиш, гурӯҳе аз террористҳои шартӣ қасд доштанд, дар иншооти ҳарбии Русия тахрибкорӣ кунанд, аммо онҳоро бо ёрии дастгоҳи бесарнишини "Тахион" ёфтанд.

Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он кишвар аст ва ҳақ дорад, то соли 2042 бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар Лоҳур (наздикии Душанбе) ва Бохтар ҷойгир аст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, моҳи феврали соли 2019 пойгоҳи 201-умро "омили муҳими амният дар Тоҷикистон" хонд, вале дар айни замон гуфт, Маскав "бо назардошти таҳдидҳои идомаёбанда аз қаламрави Афғонистон" дар навсозии артиш ва тақвияти марзи давлатӣ ба Тоҷикистон ёрӣ хоҳад кард.

Мухолифон борҳо аз ҳузури густардаи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки ба гуфтаи онҳо истиқлолу тавоноии нерӯҳои кишварро зери суол мегузорад, танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG